Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ» чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи пайдоиш, ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар низоми рамзҳои давлатӣ, мазмуну муҳтавои рангҳои он ва нақши ин муқаддасоти миллӣ дар таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон андешаронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандаи мардуми тоҷик буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва садоқат ба Ватани азиз нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон доир ба аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллат ва пойдории давлатдории миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

