
иҷрокунандаи вазифаи декани факултет: РАСУЛЗОДА СОРБОН ПИРМАД
6-уми майи соли 1983 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Соли 1989 ба синфи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қадам ниҳода, соли 2000 муассисаи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Соли 2002 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ба факултети биология дохил шуда, соли 2007 онро бо баҳои хубу аъло хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 2008 тибқи роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгори фанни биология оғоз намудааст. Дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ шогирдони зиёдеро ба озмунҳои фаннӣ омода намуда, як қатор шогирдонаш дар давраҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Соли 2010 фаъолияти меҳнатиашро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун омӯзгори кафедраи биологияи умумӣ идома додааст. Соли 2011 бо тариқи гузариш ба вазифаи эдвайзер ва бақайдгирандаи факултети химия ва биология таъин гардид.
Аз соли 2018 то 24 сентябри соли 2026 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети химия ва биологияи донишгоҳ фаъолияти пурсамар намуда, дар ташкили раванди таълим, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисон саҳми муносиб гузоштааст.
Бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба вазифаи иҷрокунандаи декани факултети биология таъин гардидааст.
Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, Сорбон Расулзода ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғул мебошад. Таҳти роҳбарии профессор Холназаров С.Х. дар мавзӯи «Заминаҳои методи таълими равиявии биология дар синфҳои 10–11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, рисолаи номзадиро бо муваффақият ҳимоя намудааст. Ҳимояи рисолаи илмӣ 10 октябри соли 2019 баргузор гардида, 27 сентябри соли 2020 тасдиқи дараҷаи илмии номзадӣ эълон шудааст.
Ӯ муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ ва 2 дастури таълимӣ мебошад. Маводи илмӣ-таълимии ӯ ба масъалаҳои таълими биология, такмили методикаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди таълим бахшида шудаанд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани заминаи таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар самти илмҳои биологӣ Факултети биология таъсис дода шуд.
ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ
Факултет дар заминаи факултети химия ва биология бо қарори Шурои олимони донишгоҳ №1 аз 28 августи соли 2026 таъсис ёфта, ҳамчун сохтори нави таълимӣ дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи биология фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Айни замон дар сохтори факултет 4 кафедра, 10 синфхона, 5 утоқи корӣ ва 5 озмоишгоҳ, аз ҷумла 2 озмоишгоҳ дар минтақаи Зағиртут, фаъолият доранд. Мавҷудияти чунин заминаи таълимӣ ва озмоишгоҳӣ барои ба роҳ мондани таълими назариявӣ ва корҳои амаливу таҷрибавии донишҷӯён имконият фароҳам меорад.
Дар факултет донишҷӯён аз рӯйи 7 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 1 ихтисос дар зинаи магистратура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳадафи асосӣ омода намудани мутахассисоне мебошад, ки ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дорои дониш, малака ва маҳорати касбии зарурӣ бошанд.
Бо фармоиши ректори донишгоҳ Расулзода Сорбон иҷрокунандаи вазифаи декани факултет таъин гардидааст.
Дар самти роҳбарӣ ва фаъолияти сохтории факултет ҳайати зерини масъулон фаъолият менамоянд:
Болтаев Ҳабибулло Маликович — муовини декан оид ба таълим;
Хайров Тоҷидин Гулмаҳмадович — муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ;
Резмонова Қурбоной Шарифовна, номзади илмҳои кишоварзӣ — муовини декан оид ба илм ва инноватсия;
Назаров Тоҳирҷон Холмуминович, номзади илмҳои педагогӣ — иҷрокунандаи мудири кафедраи зоология;
Давлятова Дилором Мирзоаҳмадовна, номзади илмҳои биологӣ — иҷрокунандаи мудири кафедраи экология;
Рустамов Шуҳрат Рустамович, номзади илмҳои кишоварзӣ — иҷрокунандаи мудири кафедраи ботаника;
Расулов Уктам Зоирович, номзади илмҳои химия — иҷрокунандаи мудири кафедраи биологияи тиббӣ.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти факултетро рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина барои донишҷӯён ва омӯзгорон имкониятҳои бештар ҷиҳати анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, гузаронидани корҳои таҷрибавӣ ва истифодаи озмоишгоҳҳои муосир фароҳам оварда мешаванд.
Ҳамчунин, факултет дар оянда густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои академиро ба нақша гирифтааст.
Бо таъсиси Факултети биология имкониятҳои нави таълимӣ ва илмӣ барои донишҷӯён фароҳам омада, заминаи мусоид барои тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат муҳайё мегардад. Фаъолияти минбаъдаи факултет ба рушди илмҳои биологӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими иқтидори илмии донишгоҳ равона хоҳад шуд.
