Раёсати таълим аз рӯзи ташкилёбии донишгоҳ аз соли 1978 фаъолияти худро оғоз намуд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад.
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бинобар мавҷудият ва таъминоташон бо захираҳои зеҳнӣ ва имконоти мусоид дар густариш ва ташаккули самтҳои муайян ноил шудан ба тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту пуртаҷриба чун зинаи муҳими кошиф ва бахши муассири амалисозандаи дастовардҳои навини илму техника дар соҳаҳои хоҷагии халқ, баромад мекунанд.
Аз сабаби он ки донишгоҳ ҳамчун муассисаҳои олии таълимӣ ва таълимгоҳ ба шумор меравад, раёсати таълим ҳамчун воҳиди асосии сохтори донишгоҳ ҳисобида мешавад.
Раёсати таълим омили ташкилкунанда, танзимкунанда ва таҳлилкунандаи ҷараёни таҳсил дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Пиёда кардани талаботи стандартҳои таълимии давлатӣ, риояи иҷроиши талаботи нақшаҳои таълимии шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, амалишавии барномаҳои таълимиро ташкил ва натиҷабардорӣ менамояд.
Ташкилу танзими дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таҳсил ва раванди таълим дар миқёси донишгоҳ, истифода ва дуруст ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот, тибқи дастовардҳои муосири тарзу усулҳои таълим, техникаю технология, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои самти таълим байни муассисаҳои таълимии дохилӣ ва хориҷро тақозо мекунад, ки дар сохтори мактаби олӣ раёсати таълим ҳамчун маҳзани ҷараёни таҳсилоту раванди таълим пурсамар фаъолият намояд.
Вазифа ва ҳадафҳои раёсати таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд. Инчунин диққати асосӣ ба такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои нави таълим вобаста ба таҷрибаҳои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ оиди пурра ворид гардидан ба низоми кредитии таҳсилот нигаронида шудааст.
Нақшаҳои таълимии донишгоҳро барои соли таҳсил ва нимсола ба нақша гирифта, иҷроиши онро назорат мекунад. Аз тарафи факултетҳо иҷро намудани нақшаҳои таълимии ҷорӣ, ҷадвалҳои ҷараёни таълим, нақшаҳои инфиродӣ ва барномаҳои кории омӯзгорони кафедраҳо мунтазам таҳти назорати масъулини Раёсат қарор мегиранд. Иҷроиши фармону мактуботи дастуроти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масоили корҳои таълимӣ ва таълимию методӣ сармашқи кори раёсатанд. Тартиб додани ҷадвали дарсҳо, имтиҳонот, лоиҳаҳо, фармонҳо, дастурҳо, тавсияҳо ва маслиҳатҳои маъмурияти донишгоҳ доир ба тамоми корҳои таълимӣ ва таълимию методиро низ кормандони раёсат назорат менамоянд. Вазифаҳои дигари муҳиме, ки ба Раёсати таълим вогузор шудаанд, инҳоянд:
- гузаронидани санҷиши сифати тамоми шаклҳои машғулиятҳоитаълимӣ ва ҷамъбаст намудани натиҷаҳои онҳо;
- омода намудани имтиҳоноти сессия, имтиҳоноти давлатӣ, ва ташкилнамудани ҳимояи рисолаҳои дипломии донишҷӯён;
- назорат намудани синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, кабинетҳо вабиноҳои дигари таълимӣ;
- тибқи нақшаи корӣ омода намудани маводҳои зарурӣ оид ба масълаҳои таълимӣ вобаста ба дастуру супоришхои ректор ва ноиби ректор оид ба корҳои таълим ба ҷаласаи Шӯрои илмӣ ва Раёсати донишгоҳ;
- ҷамъбаст намудани фаъолияти кисми таълим ва талаб намудани ҳисоботҳо аз шӯъбаҳо ва бахшҳои зертобеъ;
- дар як сол як маротиба тибқи дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Призеденти ҶТ пешниход намудани ҳисоботи оморӣ;
- назрат намудани фаъолияти деканҳои факултетҳо ва кафедраҳо, оид ба баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим.
Кисми таълим тамоми кӯшишро ба татбиқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва Барномаи давлатии дар асоси он қабул шуда, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони забондон равона намуда истодааст. Дар ин самт аллакай якқатор чорабиниҳоро ба иҷро расонида шуданд.
Диққати асосӣ дар ин давра асосан ба такмили шакл ва мундариҷаи таълим, баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагон равона шуда буд. Ба ин мақсад дарсҳои омӯзгорон мунтазам мавриди назорат ва таҳлил қарор гирифта, мундариҷа ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷории сатҳи дониши таълимгирандагон ба куллӣ дигаргун карда шуд. Гузаронидани машғулиятҳои фардӣ, назорати саривақтӣ аз болои иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва иштироки онҳо ба дарсҳо имкон доданд, ки масъулияти донишҷӯён нисбати таълим беҳтар карда шавад.
Баҳодуров Беҳрӯз Файзуллоевич, сардори Раёсати таҳсилот
17 сентябри соли 1981 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2004 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор оғоз кардааст.
Фаъолияти меҳнатии Беҳрӯз Баҳодуров ба соҳаи маориф ва таҳсилоти олӣ пайванди ногусастанӣ дошта, дар тӯли солҳои корӣ дар вазифаҳои гуногуни омӯзгорӣ, илмӣ ва роҳбарикунанда фаъолият намудааст.
Солҳои 2004–2008 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгор кор карда, солҳои 2009–2011 ассистенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд. Минбаъд солҳои 2011–2020 дар вазифаи мушовир-эдвайзери Маркази таҳсилоти ғоибона (фосилавӣ) фаъолият намуда, дар рушди низоми таҳсилоти фосилавӣ саҳми худро гузоштааст.
Солҳои 2020–2021 саромӯзгори кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ, солҳои 2021–2023 муовини директори Маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ ва солҳои 2023–2024 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буд.
Дар солҳои 2024–2025 вазифаи декани факултети таърих ва ҳуқуқро ба уҳда дошта, барои такмили раванди таълим, фаъолияти илмӣ ва корҳои ташкилӣ дар факултет саҳм гузоштааст. Солҳои 2025–2026 ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи умумии донишгоҳ фаъолияти илмӣ-омӯзгориро идома додааст.
Беҳрӯз Баҳодуров соли 2021 ба унвони номзади илмҳои таърих сазовор гардидааст. Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории ӯ бо омӯзиши масъалаҳои таърих ва омодасозии мутахассисони соҳа алоқаманд мебошад.
Бо назардошти таҷрибаи бисёрсолаи омӯзгорӣ, фаъолияти илмӣ ва малакаи роҳбарӣ, аз 1 октябри соли 2026 Баҳодуров Беҳрӯз Файзуллоевич ба вазифаи сардори раёсати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардид.
ИЗЗАТУЛЛОЕВ Фируз Достиевич: 20-уми сентябри соли 1979 дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Таҳсилро солҳои (1986-1994) дар мактаби миёнаи №26 ва солҳои 1994-1996 дар мактаби миёнаи №7 ноҳияи Данғара гирифтааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1996-2001) мебошад. Солҳои 2002-2006-ум омӯзгори фанни математика ва ҳамзамон ҷонишини директор оид ба тарбия (2002-2003) ва таълим (2003-2006) дар Мактаб-парваришгоҳи ба номи Ю.Н. Логинови шаҳри Бохтар. Аз соли 2006 то инҷониб омӯзгори кафедраи информатика соли 2006 – омӯзгори фанни математика дар гимназияи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав, Солҳои 2007 – 2008-ум котиб-оператор ва танзимгари шӯъбаи ғоибона, соли 2008-оператори маркази имтиҳонгири компютерӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2009-2012-ум мушовир-оператори маркази таҳсилоти ғоибонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, солҳои 2013-2016-ум ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети информатика, солҳои 2016- 2019-ум мутахассиси Раёсати таҳсилоти ДДҚ ба номи Носири Хусрав кор намудааст.
Аз соли 2020 то ба ҳол дар вазифаи муовини сардори Раёсати таълими ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад
ҲАСАНОВ Шуҳратҷон Раҳматулоевич, нип, дотсент, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ.
Маълумот: ҲАСАНОВ Шуҳратҷон Раҳматулоевич (тав. 11.03.1986, деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Бохтар (Кушониён), вилояти Хатлон, аз хонадони зиёӣ). Хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2009). Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Бохтар (1993-1999), таҳсил дар литсейи №1 ноҳияи Бохтар (1999-2004), донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав (2004-2009), ассистенти кафедраи таърихи умумии ДДҚ ба номи Носири Хусрав (28.08.2009-24.09.2009), эдвайзери маркази бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти ДДҚ ба номи Носири Хусрав (2009-2015), мутахассиси бахши бақайдгирӣ (Офиси №2) дар маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (2015-2018), мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ (2018-2019), сардори маркази тестии донишгоҳ (2019-2022), сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2022-2023) кор кардааст.
Мавсуф аз 01.09.2023 то ба имрӯз дар вазифаи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.
Ҳасанов Шуҳратҷон соли 2019 дар мавзӯи «Формирование профессионально-гуманистических убеждений будущих учителей в условиях модульной организации педагогической практики (на примере подготовки учителей истории)» рисолаи номзадии худро дифоъ кардааст. Муаллифи 28 номгуи таълифот, аз ҷумла 14 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ ва 1 монографияи илмӣ мебошад. Бо ифтихорномаи кумитаи мутаҳидаи иттифоқи касабаи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2018), ифтихорномаи ректори донишгоҳ (2020) ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) сарфароз гардонида шудааст.
Ос.: Критерии оценивания в кредитной системе обучения (Методическое пособие). Курган-Тюбе, 2013; Теоретические основы профессионально-гуманистических убеждений будущих учителей в процессе педагогической практики. (Методическое пособие). Курган-Тюбе, 2013; Содержание и технология формирования профессионально-гуманистических убеждений будущих учителей в процессе модульной организации педагогической практики. (Методическое пособие). Курган-Тюбе, 2014; Педагогическая практика и гуманистическая убеждённость будущих учителей. (Монография). Бохтар, 2018.
Инчунин муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.
(+992) 918-72-07-01
*Холматов Саид Нурматович
*Аз солҳои 1975 то 1979 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (собиқ Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров) дар ш.Хуҷанд, ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбек буд.
* Соли таваллуд: 30-юми июни соли 1958* Ҷои таваллуд: н.Данғара
* Миллат: ӯзбек * Таҳсилот: олӣ
*Соли 1979 Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Кировро (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ) хатм кардааст.
*Ихтисос: забон ва адабиёти ӯзбек
*Унвони илмӣ: надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ хаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлати сарфароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маорифи ҶТ, соли 1987.
*Вазъи оилавӣ: оиладор
*Суроға: н.Кӯшониён,ҷамоати “Меҳнатобод”, деҳаи Ганҷина, хонаи 52.
*Кор ва фаъолияти собиқа:
| Солҳои 1975-1979 | донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров (пешина Иниститути давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров) дар ш.Хуҷанд, ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбек |
| Солҳои 1979-1991 | Омӯзгори фанни забон ва адабиёти ӯзбек,ҷонишини директор оид ба таълим МТМУ №2-и н.Кӯшониён |
| Соли 1987 | Вакили съезди VII-уми муаллимони Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 1991 то 2005 | Саромӯзгорӣ кафедраи Методикаи таълими ибтидоии ДДБ ба номи Н.Хусрав |
| Солҳои 2005-2007 | Саромӯзгорӣ кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав |
| Аз соли 2007-2010 | Роҳбари таҷрибаи омӯзгории фанҳои гуманитарии ДДБ ба номи Носири Хусрав |
| Солҳои 2010-2011 | Ҷонишини сардори назорати сатҳи сифати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав |
| Аз соли 2011 то инҷониб | Роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав |
НАҶМИДДИНОВ Давлатмурод Исломидинович
* аз 1 – сентябри соли 2013 дар мансаби омӯзгори кафедраи нақлиёти автомобилии Муассисаи давлатии таълимии “ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” кор мекунад.
*Соли таваллуд: 01.05.1987 *Ҷои таваллуд: ноҳияи Вахш
*Миллат: тоҷик *Таҳсилот: олӣ
* Соли 2013 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (рўзона) хатм кардааст.
*Ихтисос: Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ
*Унвони илмї: омӯзгор
*Кадом забонњои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ бо луғат
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотњои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби 3 фарзанд.
*Суроға: ноҳияи Вахш, ҷамоати шаҳраки Вахш кўчаи И.Сомонӣ, хонаи 65/1.
*Кор ва фаъолияти собиқа:
| 2008-2013 | Донишҷўи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ |
| Солҳои 2013-2015 | Омўзгори кафедр Омўзгори кафедраи “Ташкили ҳаракати автомобилӣ ва идоракунии сохтмон”-и Донишгоҳи давлатии Ќўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
| Солҳои 2016-2017 |
Мутахассиси пешбари шўъбаи истеҳсолию техникии Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”- и минтақаи Қўрғонтеппа. |
| Солҳои 2017-2019 |
Омӯзгори кафедраи нақлиёти автомобилии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” |
| Аз феврали соли 2019 то ноябри соли 2019 | Ҷонишини декан оид ба таълими факултети техникӣ ва технологӣ |
| Аз декабри соли 2019 то августи соли 2023 |
Омӯзгори кафедраи нақлиёти автомобилии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” |
| Аз сентябри соли 2023 то инҷониб |
Роҳбари таҷрибаомӯзии истеҳсолии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” |
* ИБОДОВ Мурод Хушвахтулоевич
* аз 14-уми октябри соли 2022 ба ҳайси мутахассиси омори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунам.
*Соли таваллуд: 6 октябри соли 1985. *Ҷои таваллуд: шаҳри Қӯрғонтеппа
*Миллат: тоҷик *Таҳсилот: олӣ
* Соли 2010 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (рӯзона)-ро хатм кардааст.
* Ихтисос: информатика.
* Унвони илмӣ: надорад.
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, узбекӣ ва англисӣ бо луғат
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ё не: не.
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.
* Вазъи оилавӣ: оиладор.
* Сӯроға: шаҳри Бохтар кӯчаи Зоя Космодемянская хонаи 57.
* Телефон: 917-66-60-61, 918-87-12-44
* Кор ва фаъолияти собиқа:
| Соли 2005-2010 | Донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
| Соли 2009-2013 | Омӯзгори фанни информатика дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и шаҳри Қӯрғонтеппа. |
| Соли 2013-2015 | Омӯзгори кафедраи Информатика ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
| Соли 2015-2018 | Ҷонишини декан-эдвайзери факултаи информатикаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
| аз 18-апрели соли 2018 то 2022 | Сармушовири маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
| аз 1-феврали соли 2022 | Омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
| аз 14-октябри соли 2022 то ҳол | Мутахассиси омори Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |

Самиев Усмонали Абубакрович, 25 ноябри соли 1998 дар Ҷ/д Навобод деҳаи Камсамоли ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) дар оилаи коргар чашм ба олами ҳасти кӯшодам. Миллатам тоҷик, таҳсилотам олӣ (зинаҳои бакалаврият ва магистратура). Соли 2005 ба синфи 1-ум дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи номбурда қадам гузоштам ва соли 2016 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии номбурдаро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида ва худи ҳамон сол барои идомаи таҳсил ба тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, шуъбаи рӯзонаи ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудам. Хушбахтона 8-уми майи соли 2020 донишгоҳи номбурдаро бо дипломи аъло хатм намуда соҳиби касби сиёсатшинос-ҳуқуқшинос гардидам. Сипас худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳоямро барои идомаи таҳсили магистратура дар факултет ва донишгоҳи дар боло зикргардида супоридаму моҳи майи соли 2022 зинаи магистратураро ҳам бо дипломи аъло бо касби сиёсатшинос ба итмом расонидам.
Фаъолияти кориамро ман аз соли 2019 аз даврони донишҷӯиям оғоз намудам.
Соли 2019 ба ҳайси корманди муваққатии ММТНП ҶТ дар ш.Бохтар дар вазифаи Бақайдгирандаи МИ, соли 2020 ба ҳайси корманди муваққатии ММТНП ҶТ дар ш.Бохтар дар вазифаи Маъмури калони МИ, аз 28.08 соли 2020 то охири соли хониши 2021 дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ба сифати оператори раёсати таҳсилот, соли 2021 ба ҳайси корманди муваққатии ММТНП ҶТ дар ш.Бохтар дар вазифаи Маъмури имтиҳони МИ, аз 01.03 соли 2021 то 14.08.2021 дар вазифаи омӯзгори фанни ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз 14.08 соли 2021 то 06.05.2022 дар вазифаи омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз 01.09 соли 2021 то 06.05.2022 дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ба сифати эдвайзери факултети сиёсат ва идораи давлатӣ.
Бо хоҳиши худам 06.05.2022 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидам ва аз 11.05.2022 то 24.04.2023 дар взводи таъминотии баталёни 33-юми қисми ҳарбии 07017-В-и Қушунҳои хӯшкигарди ВМ ҶТ сарбаландона бо рутбаи старшина адои хизмат намудам.
Аз санаи 01.09.2023 то ин ҷониб дар вазифаи муттахасиси раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав кору фаъолият намуда истодаам.
