* МАДВАЛИЕВ ҶАМОЛИДДИН АЛИҶОНОВИЧ
Аз 30-юми марти соли 2026 то ҳол дар вазифаи декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад
*Соли таваллуд: 8 апрели соли 1992 *Ҷои таваллуд: шаҳри Бохтар
*Миллат: тоҷик *Таҳсилот: Олӣ.
*Соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
*Ихтисос: Ҳуқуқшиносӣ.
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои сиёсӣ;
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
*Вакили Маљлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарофароз гардонида шудааст ё не: Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (соли 2024)
*Вазъи оилавӣ: Оиладор соҳиби 4 фарзанд.
*Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҳувайдуллоев, ҳуҷраи 1А.
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солҳои 2010-2015 |
Донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
|
Солњои 2016-2017 |
Ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва њуќуќи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2017-2020 |
Ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (Бохтар) ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2020-2021 |
Омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2021-2024 |
Мушовир-эдвайзери Марказаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2024-2025 |
Муовини декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2025-2026 |
Муовини директори Маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз 30-уми марти соли 2026 то ҳол |
Декани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
ФАКУЛТЕТИ СИЁСАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТӢ
Бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23- юми марти соли 2019 ба истифода дода шуд, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 24 синфхона, аз ҷумла 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ мавҷуд ва бо тамоми шароити муосири таълим таъмин мебошанд.
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дорои се кафедра -кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи фалсафа мебошад. Дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар маҷмуъ 85 нафар омӯзгор, аз он ҷумла 5 нафар профессорон, 13 номзади илм, 3 нафар саромӯзгор ва 64 нафар асистентон ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Дар факултети мазкур гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ таъсис дода шуда, фаъолияти назаррас доранд. Дар назди факултет аз ҳисоби кафедраҳои пешбар 3- маҳфили илмӣ –“Дунёи сиёсат”, “Минбари ҳуқуқшинос” ва “Файласуфони ҷавон” фаъолият намуда истодааст, ки роҳбари онҳоро омӯзгорони ботаҷрибаи факултет бар уҳда доранд.
Факултети сиёсат ва идораи давлатӣ мувофиқ ба нақшаҳои таълимӣ имсол донишҷӯёнро аз рӯи 8 ихтисос ба таҳсил ҷалб менамояд.
1-24010213 – Психологияи ҳуқуқшиносӣ
1–230106–0103– Сиёсат ва идораи давлатӣ
1-26010201 – Танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ
1–230101-Муносибатҳои байналмилалӣ
1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ
1-240103 – Ҳуқуқи иқтисодӣ
1–230106-01 – Сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ)
1-210201 – Фалсафа.
Муваффақияти дигари назарраси факултетро таъмини кадрҳои баландихтисос, ки аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда шудаанд, ташкил медиҳад.

