АШӮРОВ НАИМҶОН АМОНҚУЛОВИЧ
муовини ректор оид ба илм ва инноватсия
3 феврали соли 1982 дар ноҳияи Кӯшониён таваллуд шудааст.
Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро аз рӯйи ихтисоси омӯзгори фанни химия хатм намудааст. Номбурда номзади илмҳои техникӣ, дотсент мебошад.
Соли 2013 барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илмҳои техникӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор гардидааст.
Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2004 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав оғоз гардида, дар вазифаҳои ассистент, мудири кафедра, муовини декан ва декани факултет фаъолият намудааст.
Солҳои 2006–2008 аспиранти Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2017–2022 вазифаи декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба уҳда дошт.
Солҳои 2022–2026 ҳамчун сардори раёсати таҳсилот фаъолият намуда, дар самти такмили раванди таълим ва идоракунии фаъолияти таълимии донишгоҳ саҳми худро гузоштааст.
Аз 1 октябри соли 2026 бо қарори дахлдор ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъин гардидааст
