ШАРИПОВ Сафарбой Муродалиевич
аз 1 сентябри соли 2017 дар вазифаи ассистенти кафедраи физикаи умумии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад
*Соли таваллуд: 20 июли 1994 *Љои таваллуд: ноњияи Љ.Балхи
*Миллат: тољик *Тањсилот: олї
Соли 2017 Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав (рўзон) хатм кардааст.
*Ихтисос: физика-информатика
*Унвониилмї: дорам
*Кадом забонњои хориљиро медонад: русї бо луѓат
*Вакили Маљлиси вакилони халќ њаст ё не не
*Бо мукофотњои давлатї сарфароз гардони дашудааст ё не: не
*Вазъи оилавї: оиладор, соҳиби 3 фарзанд
*Суроѓа: ноњияи Љалолиддини Балхи, дењаи Навобод
*Телефон: 904 06 22 22
*Кор ва фаъолияти собиќа:
|
Солњои 2012-2017 |
Донишљўи Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Соли 2017 -2025 |
Ассистенти кафедраи физикаи умумии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз моҳи 2025 то 16.10.2025 |
н.и.т., саромӯзгори кафедраи физикаи умумии Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз 16.10.2025 то ҳол |
Декани факултети физикаи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
Факултети физика
ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА
Факултети физика ҳамсоли донишгоҳ буда, аз соли 1978 бо номи ҳозирааш арзи вуҷуд дорад. Сохтори факултет аз декан, ҷонишинони декан оид ба таълим, тарбия, илм ва инноватсия, коргузор иборат мебошанд. Роҳбарии факултетро айни ҳол н.и.т. Шарипов С.М. ба уҳда дорад. Факултет дорои ду кафедра мебошад: кафедраи «Физикаи умумӣ» мудираш н.и.ф.м Муродзода Ф.Р. ва кафедраи «Методикаи таълими физика» мудираш нит Сафаров Ш.Р.
Факултет дар тӯли ин солҳо ҳазорҳо мутахассисонро ба камол расонидааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият мекунанд. Қисми зиёди омӯзгорони фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон хатмкардаи ҳамин факултет мебошанд. Дар солҳои арзи вуҷуд доштани факултети мазкур донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Дар солҳои охир бо кумаки роҳбарияти донишгоҳ, кушиши деканат, мудирони кафедраҳо ва азму ғайрати омӯзгорон кори факултет куллан тағйир ёфта, шароити кории омӯзгорон ва дарсомӯзии донишҷӯён рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Соли 2021 дар факултет бо дастгирии раёсати донишгоњ ва мактаби гармофизикаи ҷумҳури озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ “Физикаи гармо” кушода шуд, ки масъули он профессор Собиров Ҷ.Ф. мебошад

Факултет донишҷӯёнро аз рӯи панҷ ихтисос ба таҳсил фаро мегирад:
1-310401-03- физика (фаъо-лияти илмӣ-педагогӣ),
1-020504-02 – физика. информатика,
1-020504-05 – физика. информатика. астрономия,
1-020504-01- физика математика
1-080101-03-таълими касбӣ (энерге-тика).
Барои омода кардани мутахас-сисони бозори ҷаҳони садорати факултет тамомми чораҳои заруриро андешида аст. Дар факултет чор озмоишгоҳ фаъолият мекунад: Озмоишгоҳи “Механика” ва “Физикаи молекулавӣ”, ки дорои ҳамаи асбобҳои замонавӣ барои гузаронидани горҳои озмоиши аз ин қисмҳои физика шароити хеле хуб ташкил карда шудааст.
Озмоишгоҳи “Барқ” ва “Оптика”- ин озмоишгоҳ низ бо дасгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз карда шуда, барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ҳамаи шароитҳо хеле хуб мебошад.
Озмоишгоҳи “Методикаи таълими физика”, “Астраномия ва электротехника”- ин озмоишгоҳ низ бо дасгоҳҳои замонавӣ ва муосир муҷаҳҳаз карда шуда, барои гузаронидани корҳои озмоишӣ ҳамаи шароитҳо мавҷуд аст.

