Дотсентони кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав — Маҳкамзода Дилором ва Шарипов Сангимурод дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии байнидонишгоҳӣ таҳти унвони «Проблемаҳои актуалии журналистика», ки дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуданд.
Зимни баргузории конференсия кор дар бахшҳо оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи журналистика, вазъи муосири воситаҳои ахбори омма, нақши журналистика дар ҷомеаи имрӯз, равандҳои нави иттилоотӣ ва мушкилоту дурнамои рушди соҳа мавриди баррасии олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор гирифтанд.
Дотсентони донишгоҳ Маҳкамзода Дилором ва Шарипов Сангимурод дар доираи конференсия бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, андеша ва натиҷаҳои таҳқиқоти хешро вобаста ба масъалаҳои муҳими журналистика ироа карданд.

