“РӮДАКИХОНӢ”
Таҳияи Раҷабалии Имомиён, корманди студияи назди донишгоҳ “РӮДАКИХОНӢ”
Равиияи динии ифротии «Салафия»-ро метавон дар ҷаҳони мусоир ба эпидемияи вабо монанд кард. Зеро мисли вируси вабо зуд паҳн мегардад ва инсонҳои ноогоҳро сироят карда, ба нобудӣ мерасонад. Ҳамин гуна вируси вабо дар замони гузашта дар миёни одамони бесавод ва аз гигиена ноогоҳ паҳн шуда, инсонҳоро ба нестӣ мебурд. Решаҳои «Салафия» низ ҳамчун вируси вабо…
Кабирӣ, ки бо сабаби ҷиноятҳо дар кофтуков қарор дорад, зимни яке аз мусоҳибаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ тоҷиру пулдор буданашро таъриф карда, қиссаеро ҳам нақл карда буд, ки гӯё аввалин пули худро аз дулонафурушӣ ба даст оварда бошад ва аз ин ҳисоб ба модараш асбоби мусиқию ба худаш рафи китобмонӣ харида бошад. Аммо воқеият дигар асту…
Муфассал “Тиҷорати як ифротӣ: аз дулонафурушӣ то ватанфурушӣ” »
Аз бомдоди таърих миллати тоҷик дорои мактаби хоси комилҳукуқ ва тамомиёри худсозиву шахсиятсозӣ будааст. Ин мактаби дар чанд сатҳ амал намуда, ҳадафи ниҳоии он тарбияи инсони ормонӣ ва муқовим буда, аз муҳити хонаводагӣ оғоз мегардидааст. Шароити сахти қӯҳистонӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ, ки тоҷикҳо дар тӯли таърих бо ин мушкилот дасту панҷа нарм мекарданд, тақозо менамуд,…
Ба дасти ману туст некахтарӣ, Агар бад наҷўем, некахтарем. Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ў ҳамчунин бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омўхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиён медарояд….
Муфассал “Носири Хусрави Қубодиёнӣ – шоири озода ва хирадгаро” »
Пайдоиши падидаҳои терроризм ва экстремизм, ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми башариятро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии…
Бо ташаббуси маъмурияти Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳайати омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 11-уми муассиса ба аёдати бошандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар рафтанд. Ҳадаф аз ташкили чунин иқдом арҷ гузоштан ба мақому манзалати калонсолон, расонидани таваҷҷуҳу меҳрубонӣ ба пиронсолон ва дар қалби насли наврас бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба…
Муфассал “Аёдати пиронсолон – намунаи эҳтиром ба калонсолон” »
Ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» дар давоми фаъолияташ танҳо бо ифротгароӣ, ҷинояткорӣ ва авбошӣ шинохта шудааст. Аъзоёну саркардаҳояш то ҳадде авбошанд, ки ҳатто зимни барномаҳои онлайниашон ин гуна рафтори ғайриинсониашонро пинҳон карда наметавонанд. Ҳар замон дар фазои маҷозӣ иғвогарию ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ ва туҳматпароканиҳои ин туда ошкор шуда меистад. Аз ҷумла чунин амали яке аз саркардаҳои ин…
Лозим ба ёдоварист, ки тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад. Кӯдак дар оила ба воя расида, ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, меҳру шафқат нисбати ҳамсолону дӯстон ва рафтори дурустро дар ҷомеа дар ҳамин ҷо меомӯзад. Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ қарзи муҳим, вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару…
