ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДОНИШГОҲ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён доир гардида, дар он таърихи парчамдории тоҷикон, ҷойгоҳ ва аҳаммияти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни…
Парчамҳои мутавофити кишварҳои дунё нишонаи он ҳастанд, ки одамон ба ин ё он ҷомеа, сарзамин ё миллат тааллуқ доранд ва соҳиби ақоид, аҳдоф, қавонин ва муқаррароти муштарак мебошанд. Алъон дар олам зиёда аз195 кишвари мустақил дорои парчами хос бо намоду рангҳои махсус арзи вуҷуд дорад. Парчамҳоро наметавон ба ҳайси як порчаи бо рангу намодҳо мунъакисёфта…
Муфассал “Таърихи пайдоиш ва таҳаввули Парчам: аз ливои қадим то рамзи давлатдорӣ” »
Имрӯз, 23.11.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмиву назариявӣ дар мавзуи “Парчам – рамзи давлатдорӣ, ифтихор ва ҳувияти миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Ёқубов, Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони…
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи химияи органикӣ ва биологии факултети химияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ» чорабинии маърифатӣ баргузор гардид. Зимни чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи пайдоиш, ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар низоми рамзҳои давлатӣ, мазмуну муҳтавои…
Муфассал “ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ” »
Дар кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ пешдифои диссертатсияи докторант (PhD)- – и кафедра Саидова Шукрона Тоҷиддиновна дар мавзуи «Идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои саноати сабук (дар мисоли вилояти Хатлон)», ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктор фалсафа аз рўи ихтисоси: 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.01 – Амнияти иқтисодӣ), зери роҳбарии доктори илмҳои…
Муфассал “ПЕШДИФОИ ДИССЕРТАТСИЯИ ДОКТОР (PhD) ДАР КАФЕДРА” »
Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ Ҳамкасбон ва устодону шогирдони арҷманд! Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва нишони ифтихори миллӣ дар тамоми таърихи инсоният ҷойгоҳи махсус дорад. Аз давраҳои қадим то имрӯз, парчам ҳамчун рамзи ҳастии миллатҳо, ормонҳои онҳо ва нишонаи…
Муфассал “ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ ТОҶИКОН” »
Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 – и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи Тағойзода Зафар, докторанти кафедраи методикаи таълими математикаи донишгоҳ, дар мавзуи «Ташаккули омодагии омӯзгорони ояндаи математика ба татбиқи методикаи робитаҳои байни фанни математика ва технологияҳои рақамӣ», зери роҳбарии Мирзоев Маҳмашариф Сайфович, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва системаҳои…
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд ва бо тозаю озода намудани синфхонаҳо, роҳравҳоро рубучин, бехи дарахтонро нарм, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани…
Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам — ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи педагогикаи факултети педагогика ва варзиш доир гардида, дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Нахуст, Вайсиддин Давлатализода,…
