Дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Парчам — ҳамчун рамзи қудрату тавоноӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи педагогикаи факултети педагогика ва варзиш доир гардида, дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Нахуст, Вайсиддин Давлатализода, ҷонишини декан оид ба илми факултети педагогика ва варзиш чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва ифтихори ватандории мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Сипас, омӯзгори кафедра, номзади илмҳои педагогӣ Ф. Холбойзода оид ба таърихи пайдоиш, мақому манзалат ва аҳаммияти Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба Ватан мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни факултет бо қироати шеърҳо ва баёни андешаҳои ватандӯстона дар васфи Парчами миллӣ баромад намуда, муҳаббату садоқати худро ба ин рамзи муқаддаси давлатӣ иброз доштанд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи озод пешниҳод гардида, иштирокчиён аз фазои идона баҳравар шуданд.

