Ҳиматзода Ҳасан Ҳимат
Аз моҳи сентябри соли 2026 то ҳол дар вазифаи сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад.
*Соли таваллуд: 01 марти соли 1994 *Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара
*Миллат: тоҷик *Таҳсилот: Олӣ.
Соли 2017 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро (рӯзона) хатм кардааст.
*Факултет: Таърих ва ҳуқуқ, таърихи халқи тоҷик.
*Ихтисос: Таърих ва ҳуқуқ, таърихи халқи тоҷик
*Унвони илмї: номзади илмҳои таърих;
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
*Вакили Маљлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарофароз гардонида шудааст ё не: не
*Вазъи оилавӣ: Оиладор соҳиби 2 фарзанд.
*Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ 7, ҳуҷраи 23.
*Кор ва фаъолияти собиќа:
|
Солҳои 2012-2017 |
Донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солњои 2017-2019 |
Омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вилояти Хатлон |
|
Солҳои 2019-2021
|
Ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2021-2024 |
Мушовир-эдвайзери Марказаи таҳсилоти фосилавии факултети таърих ва ҳуқуқ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2024-2026 |
Нозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз моҳи сентябри соли 2026 -то ҳол |
Сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
Дастурамали
вазифавии кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
- Мудири шуъба
Мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот вазифадор аст:
- Дар ҳалли масъалаҳои мукаммалкунии усулҳо ва шаклҳои ба сифати таҳсилот вобастабуда, муайянкунии тамоюли касбию педагогии раванди таълим ширкат меварзад.
- Фармонҳо, дастуру супоришҳои вобаста ба самти идоракунии сифати таҳсилотро, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ супорида мешавад ба масъулин ва кормандони шуъба расонида, иҷрои амалии онҳоро талаб менамояд.
- Барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи баланд бардоштани сифати таҳсилот дар факултетҳои донишгоҳ корбарӣ менамояд.
- Ҷиҳати татбиқи “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар факултетҳои донишгоҳ корбарӣ менамояд.
- Вазифаи кормандони шуъбаро муайян намуда, фаъолияти умумии шуъбаро роҳбарӣ мекунад.
- Ба тартиби муайянгардида барои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани кормандони шуъба ба ректори донишгоҳ пешниҳод тайёр мекунад.
- Бобати фаъолияти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, вазъи кунунӣ ва дурнамои он дар ҷаласаҳои раёсат ва шӯрои олимони донишгоҳ тибқи нақшаи корӣ гузориш медиҳад.
- Ба муовини ректор оид ба таълим дар бораи ҳолати иҷроиши таҳияи барномаҳои корӣ, сифати баргузории марҳилаҳо (рейтингҳо), натиҷаи баргузории сессияҳо мунтазам маълумот медиҳад.
- Тавассути воситаҳои ахбори омма бобати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ, муаммоҳо ва роҳи ҳалли онҳо маводҳои таҳлилӣ нашр менамояд.
- Дар муайян намудани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, санҷиши донишандӯзӣ (мониторинг) ва назорати сифати таълим дар донишгоҳ корбарӣ менамояд.
- Ҷиҳати коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ (бо ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва такмили нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ) бо раёсати таълим ҳамкорӣ менамояд.
- Роҳу усулҳои нави таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва кишварҳои мутараққиро мавриди омӯзиш қарор дода, барои татбиқи амалии он дар донишгоҳ ба ректор пешниҳод намояд.
- Ҷонишини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
Ҷонишини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба мудири шуъба тобеъ буда, масъули корҳои зерин мебошад:
- Мутасаддии таҳияи маводҳо ва бастаҳои таълимӣ буда, иҷроиши онро дар факултетҳои донишгоҳ назорат мекунад.
- Масъули ташкили дарсҳои кушод, намунавӣ ва эҷодӣ дар миқёси донишгоҳ маҳсуб меёбад, онҳоро бо гурӯҳи корӣ таҳлилу баррасӣ намуда, ба сардори шуъба маълумот пешниҳод мекунад.
- Дар ташкил ва баргузории семинару курсҳои махсус, ки вобаста ба сифати таҳсилот гузаронида мешавад, иштирок менамояд.
- Мувофиқи нақшаи кории шуъба бо тартиби муқарраршуда санҷиши сатҳи сифати таълимро амалӣ менамояд.
- Ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши афкори устодону донишҷӯёнро дар факултетҳои донишгоҳ роҳбарӣ менамояд.
- Барои таҳияи маводи методӣ, гузаронидани санҷишҳо вобаста ба сифати таҳсилот эксперт (коршинос) – ҳо ва мутахассисонро ба ҳамкорӣ ҷалб менамояд.
- Дар ташвиқу тарғиби усулҳои муосири таълим мусоидат намуда, барои ба роҳ мондани чорабиниҳо оид ба идоракунии сифати таҳсилот дар ду самт, таъмини сифат ва рушди сифат корбарӣ мекунад.
- Нақшаи кории солонаи шуъбаро таҳия намуда, дар мувофиқа бо сардори шуъба барои тасдиқ ба муовини ректор оид ба таълим пешниҳод менамояд.
- Барои қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони пешқадам дар якҷоягӣ бо КМИК ба раёсати донишгоҳ таклиф пешниҳод менамояд.
- Сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
- Сармутахассиси шуъба бо фармони ректор таъйин мегардад ва ба мудири шуъба тобеъ мебошад.
- Барои иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба зиммаи шуъба гузошташуда, иҷроиши қарорҳои Шӯрои олимон ва ҷаласаҳои раёсати донишгоҳ вазифадор аст.
- Ба масъулини факултетҳо ҷиҳати иҷрои масъалаҳои вобаста ба самти сифати таҳсилот ҳамкорӣ менамояд.
- Дар таҳияи маводи таълимӣ – методӣ оид ба муайян намудани сифати таълим ширкат меварзад.
- Дар самти фаъолияти коршиносон дар факултетҳо масъул буда, иҷроиши нақшаи кории шуъбаро дар ин ҷода роҳандозӣ менамояд.
- Дар муайян намудани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, санҷиши донишандӯзӣ (мониторинг) ва назорати сифати таълим дар системаи идоракунии сифати таҳсилот иштирок менамояд.
- Тавсияҳоро оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии низоми сифати таҳсилот (бо ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, такмили нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ) бо масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот коркард менамояд.
- Супоришҳои мудири шуъбаро (дар ҳолатҳои набудани ҷонишини мудири шуъба) фаврӣ ва босифат иҷро менамояд.
- Ҳисоботи шашмоҳа ва солонаро барои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамояд.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
- Барои иҷрои вазифаҳои дар назди шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот гузошташуда уҳдадор буда, дар иҷроиши нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои шуъба ширкат меварзад.
- Дар ҷамъоварии маълумот ва натиҷаҳои тафтишот ва таҳлилу баррасии машғулиятҳои устодони факултетҳои донишгоҳ иштирок менамояд.
- Дар ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсишҳои шифоҳӣ ва ғайра иштирок карда, онро таҳлилу баррасӣ намуда, ба ҷонишини мудири шуъба пешниҳод менамояд.
- Дар баргузор намудани пурсиши афкори устодону донишҷӯён ширкат меварзад ва онро таҳлилу баррасӣ намуда, натиҷаашро ба шакли маълумотнома ба ҷонишини мудири шуъба пешниҳод мегардонад.
- Дар дарсҳои устодони ҷавон ва нав ба кор қабулгардида бо ҳамроҳи коршиносони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо иштирок намуда, сифати баргузории машғулиятҳоро муайян менамояд ва натиҷаи онҳоро ба мудири шуъба дар шакли маълумотнома пешниҳод менамояд.
- Дар омода ва таҳия намудани ҳисоботи шашмоҳа ва солона ширкат меварзад.
- Натиҷаи санҷиши марҳилавиро (рейтинг) таҳлилу баррасӣ намуда, онро ба шакли маълумот ба сардори шуъба пешниҳод менамояд.
- Барои иҷрои вазифаҳои дар назди шуъба нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳо гузошташуда, ширкат меварзад ва маълумотҳои ба даст омадаро дар муҳлатҳои муқарраршуда таҳлил ва пешниҳод менамояд, дар таҳияи маводи ҳисоботӣ оид ба иҷрои нақшаи кории шуъба ширкат меварзад.
- Сарнозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
- Супоришҳои мудири шуъбаро иҷро намуда, тамоми мукотиботи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилотро ба чоп омода ва сабт менамояд
- Тамоми ҳуҷҷатҳо ва асноди зарурии шуъбаи идоракунии сифати таҳсилотро тибқи феҳрасти ҳуҷҷатнигорӣ танзим ва нигоҳдорӣ менамояд
- Ҷорӣ намудани мукотибот, қабули онҳо аз шуъбаи коргузории донишгоҳ ва қайд кардани онҳо дар китоби воридоту содироти шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот аз рӯи нишондоди муовини ректор оид ба корҳои таълим, ё мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, тақсим намудани онҳо барои иҷро ва назорати иҷрои саривақтии онҳо
- Ахбору асноди гирифташударо барои аз назар гузаронидану имзо гузоштан ба мудири шуъба диҳад ва фармонҳои мудири шуъбаро барои иҷро ба ашхоси дахлдор мерасонад.
- Ба расмият даровардани дархостҳо барои ба таври нусхабардорӣ зиёд намудани фармонҳо, дастурҳо, қарорҳои Шўрои олимони донишгоҳ ва дигар асноди ректорату раёсати таълим, гирифтани асноди тайёр кардашуда ва ба маълумоти деканату кафедраҳо ва дигар шуъбаҳои донишгоҳ расонидани онҳоро таъмин менамояд.
- Натиҷаи сессияҳо ва санҷишҳои фосилавиро аз ISU (ИСУ) нусхабардорӣ намуда, барои таҳлил пешниҳод менамояд.
- Бо супориши мудири шуъба аз факултетҳо ва кафедраҳо маълумотҳои заруриро оид ба сифати таҳсилот ҷамъоварӣ менамояд.
- Дар ташкил ва баргузории пурсиши афкори устодону донишҷӯён ширкат меварзад.
- Нақша ва маълумоти ҳафтаинаро омода ва ба мудири шуъба пешниҳод менамояд
- Нозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
- Ҷараёни баргузории машғулиятҳоро тариқи камераҳои мушоҳидавӣ назорат намуда, аз натиҷаи он маълумот омода мекунад.
- Корҳои аз ҷониби шуъба иҷрошуда, маълумотҳои вобаста ба самти фаъолияти шуъбаро сари вақт ба компютер ворид карда, ҳифзи онро таъмин менамояд.
- Вазифаҳои аз тарафи кормандони шуъба супоридашударо саривақт ва босифат иҷро менамояд.
- Ҳамарӯза аз шуъбаи коргузории донишгоҳ ахбору асноди заруриро барои шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот қабул менамояд.
- Бо супориши мудири шуъба масъулини факултетҳо, аъзоёни комиссияи сифати таҳсилотро ба машваратҳои корӣ, семинарҳо, чорабиниҳои вобаста ба сифати таҳсилот даъват мекунад.
- Қабули телефонограммаҳо ва ба ашхоси дахлдор расонидани онҳоро амалӣ гардонида, мавриди набудани масъулини шуъба супоришҳои телефониро навишта, ба онҳо мерасонад.
- Маълумотномаи вобаста ба пурсиши афкори устодону донишҷӯёни факултетҳоро дар компютер ворид намуда, ҳифзи онро таъмин менамояд.
- Маълумотҳоро дар бораи иҷроиши корҳои анҷомдодашуда дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба сармутахассиси шуъба пешниҳод менамояд ва онҳоро дар ҷузвдонҳои алоҳида нигоҳдорӣ менамояд.
