Дар кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ пешдифои диссертатсияи докторант (PhD)- – и кафедра Саидова Шукрона Тоҷиддиновна дар мавзуи «Идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои саноати сабук (дар мисоли вилояти Хатлон)», ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктор фалсафа аз рўи ихтисоси: 08.00.06 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.01 – Амнияти иқтисодӣ), зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ Собирзода Шодмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки масъалаи идоракунии самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар корхонаҳои саноати сабук яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити муосир барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда аҳаммияти махсус дорад.
Дар рафти муаррифӣ унвонҷӯ оид ба мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, асосҳои назариявию методологии идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вазъи кунунии корхонаҳои саноати сабуки вилояти Хатлон, таҳлилу арзёбии хавфҳои сармоягузорӣ ва роҳҳои такмили механизми идоракунии чунин лоиҳаҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, дар диссертатсия масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, муайян намудани мушкилоту монеаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳияи модели комплексии идоракунии хавфҳо ва пешгӯии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи саноати сабук мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Дар фарҷоми ҷаласа натиҷаҳои таҳқиқот мавриди муҳокима қарор гирифт.

