Дар Намоишгоҳ дастхатҳои аслии Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ки арзиши баландро соҳибанд, ба тамошо гузошта шудааст.Дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмии бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса роҳандозӣ гардидааст, Намоиши китобу дастхатҳои ин ду нобиғаи тоҷик ифтитоҳ гардид.
