Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳокимаи рисолаи номзадии Шарофиддин Юсуфӣ, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими математика, дар мавзуи «Методикаи татбиқи моделсозии математикӣ ва компютерӣ дар ҳалли масъалаҳои геометрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.
Рисолаи илмӣ таҳти роҳбарии Сатторов Абдурасул, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳия шудааст.
Зимни муаррифии кори илмӣ унвонҷӯ доир ба муҳтавои асосии таҳқиқот, ҳадафу вазифаҳо, навгониҳои илмӣ, аҳаммияти назариявию амалӣ ва натиҷаҳои бадастомада маълумот пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки мавзуи мазкур дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ҷорӣ гардидани усулҳои муосири таълим аҳаммияти махсус дорад. Истифодаи моделсозии математикӣ ва компютерӣ дар раванди омӯзиши геометрия имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳодиса ва равандҳои геометриро амиқтар дарк намуда, қобилияти таҳлил, тафаккури мантиқӣ, эҷодкорӣ ва малакаи ҳалли масъалаҳои мураккабро инкишоф диҳанд.
Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни таҳқиқот андешаронӣ намуда, ба унвонҷӯ саволҳо пешниҳод карданд. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили мазмуну муҳтавои рисола ва боз ҳам тақвият бахшидани асоснокии илмии он тавсияву пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.

