Имрӯз дар факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Суитсид (худкушӣ) дар байни наврасону ҷавонон ва пешгирии ҳолатҳои худкушӣ дар байни ин қишри ҷомеа» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии семинари мазкур баррасии омилҳои иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавии ба худкушӣ овардарасонанда, баланд бардоштани маърифати равоншиносӣ, инчунин муайян намудани роҳу усулҳои самараноки пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон арзёбӣ гардид.
Семинарро муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет, дотсент В. Давлатбекзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, доир ба аҳаммияти мавзуъ, зарурати омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба ҳолати равонии наврасону ҷавонон ва нақши муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа дар пешгирии ин зуҳуроти нигаронкунанда ибрози андеша намуд.
Сипас, донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ, педагогика ва психология бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Аз ҷумла, Қувватова Мафтуна дар мавзуи «Омилҳои суитсид (худкушӣ) дар байни наврасон ва ҷавонон» баромад намуда, омилҳои асосии иҷтимоӣ ва равонии ба ин ҳолат мусоидаткунандаро мавриди таҳлил қарор дод.
Маҳмуродова Муслима дар мавзуи «Худкушии наврасон: беморӣ, эътироз ё иродаи заиф» масъалаи мазкурро аз дидгоҳи равоншиносӣ баррасӣ карда, ба зарурати муносибати дуруст ва саривақтӣ ба мушкилоти равонии наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ҳамзамон, Қувватова Шаҳноза дар мавзуи «Инъикоси масъалаи суитсид (худкушӣ) дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала ва аҳаммияти санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар пешгирии чунин ҳолатҳо шарҳ дод.
Дар идомаи семинар Юлдошева Меҳрона дар мавзуи «Пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар байни наврасон ва ҷавонон» маърӯза намуда, роҳҳои пешгирии ин зуҳурот, аз ҷумла дастгирии равонӣ, муносибати ғамхорона, баланд бардоштани маърифати оилавию иҷтимоӣ ва сари вақт ошкор намудани мушкилоти наврасону ҷавононро муҳим арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён масъалаҳои мубрами мавзуъро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақши омӯзгор, равоншинос, падару модар ва аҳли ҷомеа дар ҳифзи солимии равонии насли наврас андешаронӣ намуданд.

