Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳастии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ҳифзу гиромидошти ин рамзи муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Сипас, мудири кафедраи таърихи умумии донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Халилзода Давлаталӣ дар мавзуи «Таърихи пайдоиш ва ташаккули парчам ҳамчун рамзи давлатӣ» маърӯза намуда, оид ба таърихи пайдоиш, ташаккул ва мақоми парчам дар давлатдории тоҷикон, инчунин нақши он дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ кард.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳои ватандӯстона дар иҷрои хонандагони Литсейи назди донишгоҳ оғоз гардида, ба ҳусни маҳфил шукуҳи тоза зам намуд.
Ҳамзамон, Ҳунарпешаи шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Латифзода сурудҳои «Тоҷикистон» ва «Попурӣ»-ро пешкаши ҳозирин гардонид. Ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии ансамбли «Ситора» бо иштироки духтарон низ ба чорабинӣ таровати хосса бахшид.
Дар идома Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Сарбандӣ бо иҷрои сурудҳои «Эй ҳилолӣ», «Дилбари номеҳрубон» ва «Духтари Балҷувонӣ» хотири ҳозиринро болида намуд.
Инчунин, Некрӯз Қаюмов аз ҳайати дастаи ҳаваскорони «Леваканд»-и назди донишгоҳ бо навозиши «Навои сабоҳ» маҳорати ҳунарии худро нишон дод. Вайсиддин Шарипов, корманди Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сурудҳои «Лаби гармат», «Зулфота боло задам» ва «Зебосанам»-ро иҷро кард.
Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ аъзои дастаи ҳаваскорони «Леваканд»-и назди донишгоҳ бо иҷрои суруди «Ватан» ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

