21.12.2024 сол.
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Имрӯз, 21–уми декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи МДТ “Донишгоҳи давалтии Бохтар ба номи Носири Хусрав” қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат доир гардид.
Дар доираи қабули шаҳрвандон, ки донишҷӯён ва волидони онҳо иштирок доштанд, асосан роҷеъ ба интиқолу барқарор ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсил посухҳо гирифтанд.
Зимни қабули шаҳрвандон дар баробари ректори донишгоҳ дигар шахсони масъул низ иштирок намуда, ба муроҷиати шаҳрвандон посухҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” низ дар Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи корӣ муроҷиати шаҳрвандон дар доираи талаботи қонунгузориҳо баррасӣ карда мешавад.