Комили Абдулҳай Шарифзода директори иниститути илмӣ-тадқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ
ва техникаи МДТ ДДБ ба номи Носири Хусрав (18.03.1962, деҳаи Хоҷаҳои н. Деваштич), доктори илмҳои физика ва математика (2000), профессор (2005). Профессори фахрии 7 донишгоҳҳои хориҷию ватанӣ. узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии ФР, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фориғуттаҳсили (1986) факултети физикаи Университети давлатии Маскав аст ба номи М.В.Ломоносов. Ба сифати лаборанти калони шуъбаи таърихи илм ва техникаи АИ Тоҷикистон фаъолияташро шурӯъ намуда, солҳои 1988-1990 коромӯзи Институти таърихи табиатшиносӣ ва техникаи АИ СССР, 1991-1997 ходими илмӣ ва мудири шуъбаи таърихи илму техникаи АИ Тоҷикистон, 1997-2000 докторанти факултети фалсафаи Университети давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, 2000-2005 ходими пешбар, сарходими илмӣ, мудири шуъбаи таърихи илму техника, муовини саркотиби илмии АИ Тоҷикистон буд. Аз соли 2005 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав заҳмат кашида, аввал ба сифати мудири кафедраи фанҳои умумитехникии факултети физика хидмат ба ҷой оварда, аз соли 2006 то 2017 ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалӣ.
Абдулҳай Комилӣ дар Энсиклопедияи миллии тоҷик, Энсиклопедияи Кӯлоб ва Донишномаи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ бештар аз 40 мақола ба нашр расонидааст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо бо мақолаҳои ёдшуда такрор набуда, иловатан дар Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Донишномаи Рӯдакӣ ва Энсиклопедияи миллии тоҷик аъзои ҳайати таҳририя ва ё аъзои шӯрои машваратӣ ба шумор меравад. Инчунин аъзои ҳайати таҳририя ва шӯрои машваратии маҷаллаҳои «Масъалаҳои равоншиносӣ ва омӯзгорӣ» (солҳои 2008-2012), «Паёми Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав», “Маорифи Тоҷикистон”, “Мактаб” (солҳои 2014), аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Наука и образование” (Федератсияи Русия) мебошад.
Мукофотҳо: Нишони тиллоии сарисинагӣ “Барои хониши аъло», М., 1982; Ҷоиза ва дипломи АИ ҶТ (1991, 1997); Олими сол -2005; Аълочии фарҳанги ҶТ (2009); Аълочии матбуоти ҶТ (2010); Аълочии маорифи ҶТ (2012); Медали «Ном дар илм» (The name of Science), Оксфорд, Англия (2010); Медали ба номи Лука Почоли Вена, Австрия (2011); Медали «Ваҳдат» Чимкент, Қазоқистон (2013); Бо медали «Хидмати шоиста» ҶТ қадр ёфтааст.
Осор: Физическая часть трактата Ибн Сины «Курозаи табииёт». – Д., 1990; Худомӯзи алифбои форсӣ. – Д., 1991; Физика ар-Рази и Ибн Сины. – М., 1999; Эквивалентные формулы определения скорости света. – М., 1999; Особенности расширения релятивистского электронного пучка в мощных СВЧ приборах. – М., 2000; Учебные материалы для изучения физики в средних школах. Пособие для учителя. – Д., 2003 (ҳаммуаллиф); Дастури методӣ оид ба Ms Access. – Д., 2003 (ҳаммуаллиф); Физика Авиценны. 2 нашр. – Д., 2005; 2013; Из истории физики Средней Азии в IХ-ХIII вв. – Д., 2005; О физическом наследии Ибн Сино (Авиценны). – Д., 2005; О математическом наследии Ибн Сино (Авиценны). – Д., 2005;