Китобхонаи электронии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» аз соли 2013 инҷониб фаъолият дорад. Китобхонаи мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати мутолиаи китоб ва дастрасӣ ба дигар манбаъҳои иттилоот барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ ташкил шуда, дар он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло дар китобхонаи электронии донишгоҳ беш аз 48 000 нусха адабиёти гуногун мавҷуд аст, ки ҳамарӯза аз онҳо устодону донишҷӯён фаровон истифода менамоянд. Робитаи китобхона бо тамоми сохтор ва кафедраҳои донишгоҳ дуруст ба роҳ монда шуда, танҳо дар се моҳи соли 2020 ба китобхона аз тарафи устодон наздики 500 номгӯйи адабиёти электронӣ дастрас гардида, барои мутолиа пешниҳод шудааст.
Ба иттилои оператори китобхонаи электронии маркази тестӣ Набиев Ҷурабек Раҷабович дар як маврид то 43 нафар устодону донишҷӯён метавонанд аз хизматрасонии китобхонаи мазкур истифода намоянд. Китобхонаи электронии донишгоҳ бо дигар китобхонаҳои дохил ва хориҷи кишвар низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар китобхона се нафар кор ва фаъолият менамоянд, аз ҷумла