ФАТҲУЛЛОЕВ Икромуддин Бароталиевич (тав. 4 .01. 1972, н. Данғараи вил. Хатлон), омӯзгор, номзади илмҳои забоншиносӣ (2017). Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии ДДБ ба номи Носири Хусрав (1998). Ҷонишини декани факултети забонҳои хориҷӣ оид ба таълими амин донишгоҳ (1999–2009). Соли 2003 дар кишвари Ҳиндустон такмили ихтисос карда, дар чандин конференсияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иширок намудааст. Аз сентябри соли 2020 ба ҳайси муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва муаллими калони «Кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ» фаъолият дорад. Дар мавзӯи «Таҳлили сохторию маъноии истилоҳоти автомобилӣ дар забонҳои сохторашон гуногун (дар асоси маводи забонҳоианглисӣ, русӣ ватоҷикӣ) рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи дастури таълимии «Луғати истилоҳоти автомобилӣ бо аксҳои механизмҳо» бо се забон ва 10 мақолаи илмӣ-методӣ. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректорони донишгоҳ сарфароз гардидааст.