Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат доранд.
Масоили вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, яке аз мавзуъҳои асосии суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла иброз доштанд, ки «тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардида истодааст. Ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.
То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд».
Сарвари давлат баён доштанд, ки зимнан бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.
Тибқи қарори Маҷмаи Умумӣ, ҳамчунин 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардида, таҳти сарпарастии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтааст.
Дар ин замина соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси аввалини сатҳи баланд оид ба масъалаи пиряхҳо баргузор мегардад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки «ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ доир мегардад, барои арзёбии мушкилоти глобалии пиряхҳо ва дарёфти роҳҳои мушаххаси ҳалли онҳо нақши муассир мебозад. Ҳамзамон бо ин, мо аз ҳамаи шарикон даъват ба амал меоварем, ки саҳми молиявии худро дар Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо фаъолона гузоранд».
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бар асоси уҳдадориҳои байналмилалии худ, аз ҷумла бар пояи муқаррароти Созишномаи Париж Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро қабул намудааст.
Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 октябри соли 2019 қабул гардида, ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи сиёсати мамлакат дар самти тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад.
Ин ҳуҷҷат дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз воситаҳои калидӣ хизмат намуда, банақшагирии иқтисодиёти миллиро дар заминаи тағйирёбии иқлим инъикос менамояд. Дар ин санад бахшҳои ҳассостарин ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла энергетика, захираҳои обӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ, инчунин самтҳои байнисоҳавӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, гендерӣ, ҷавонон, муҳоҷират, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода муайян карда шудаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо якҷо бо Фаронса ташаббуси навбатиро оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) пешниҳод намуд».
Ёдовар мешавем, ки 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера бо мақсади пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус тавассути баргузории таҳқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Дар асоси натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони “Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ” дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд.
Бинобар ин, дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон дар он бо такя ба қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025” (A/RES/77/158), ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилоти байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва донорҳо даъват шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кулл дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳм гузоранд.
Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дарҷ гардида, аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба даъвати Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол карда шудааст.
Бояд гуфт, ки оид ба ташаббуси қабули ин даҳсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 11 июни соли 2024) сухан гуфта, аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварданд, ки аз ин ташаббус пуштибонӣ намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии “Як cайёра” (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад.
Бо қабули ин ташаббус нақши боризи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид омодагиро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” иброз намуданд.
Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути даҳ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии мамлакати мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Ин қатъномаҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, ки аз ҷумла дар Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дарҷ гардидаанд, заминаи сазовор гузоштаанд.
Аз ин лиҳоз, мавзуи тағйирёбии иқлим, захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»