Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли 1978 ҳамчун шӯъбаи (филиали) Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таъсис ёфта, аз 1.04.1991 дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 16, аз 13.03.91 шӯъба ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бохтар ва аз соли 1992 тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 236, аз 24 июни 1992 ва фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №76, аз 1.09.92 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав табдил дода шуд.
Донишгоҳ дар тобеияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар нишонии ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 воқеъ гардидааст. Сомонаи донишгоҳ www.ktsu.edu.tj, почтаи электронии донишгоҳ: ktsu78@mail.ru, почтаи электронии раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ: ilmddk13@mail.ru, сомона ва почтаи электронии маҷаллаи илмии Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав: (www.ktsu.edu.tj.-vestniki), payomiddq@mail.ru, почтаи электронии рӯзномаи «Фурӯғ»: furuqh2000@mail.ru.
Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва тамоми ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ сиёсати хирадмандонаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳар як фармону дастурамалҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳди зиёд менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо дастовардҳои илмӣ ва илмӣ-методии худ ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷашнҳои 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихиро сазовор пешвоз гирифтанд.
Донишгоҳ ҳамчун маркази илмӣ фаъолияти хешро идома дода, дар соли 2018 ҳайати устодон, кормандони илмӣ ва аспирантони донишгоҳ барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил шуданд.
1. НАТИҶАҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Дар давоми соли 2018 дар донишгоҳ 470 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 15 нафар докторони илм, профессорон (Шодиев М. С., Ҳамроев М. Ҳ., Шарифов Ҷ. Ш., Абдураҳимов Қ. С., Гадозода А., Икромов И., Комилов А., Абдуназаров Х., Муродов Ҳ. Ғ., Сафаров Ҷ., Сатторов А. Э., Садриддинов Н. Т., Холназаров С., Тағоймуродов Р., Тағоева Т.М.), 94 нафар номзадҳои илм ва дотсентон, 366 нафар саромӯзгорон, омӯзгорон ва ассистентон дар 43 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул буданд. Айни ҳол дар донишгоҳ 23 нафар устодоне фаъолият доранд, ки бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, дар соли 2017 дотсенти кафедраи химияи умумӣ Болтаев Малик Аҷикович бо медали «Хизмати шоиста», Сидиқова Зуҳро, Нуров Умархон, Пиров Аламшо бо ифтихорномаи Вазоратии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар соли ҳисоботӣ ба сифати устодони ҳамкор ва роҳбарони илмии аспирантону унвонҷӯён фаъолият намудани докторони илм, академик Раҳимов З. (АИ ҶТ), профессорон Қурбонов И. Қ. (Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия), Шукуров Т. А., Юнусӣ М., Раҷабов Н., Комилов Ф., Шарифов Х., Қурбонов А., Ғаниев Т., Сабзаев С. (ДМТ), Исҳоқов С. А., Мирсаидов У. М., Абдуллоев А., Ҷамшедов П., Муллоҷонов С., Искандаров Қ., Мухторов А., Зокиров Г., Маҳмадов А., Буриев И., Раҳимов М. (АИ ҶТ), Бадалов А.Б., Сафаров М. М. (ДДТТ ба номи М. Осимӣ), Бандаев С. Г., Зубайдов У., Нуъмонов М., Эргашев А., Ҷоматов С., Саидов Ҳ., Саидмаҳмадов А., Сайфуллоев Х. (ДДОТ ба номи С. Айнӣ), Лутфуллоев М., Қодиров М. (АТТ), номзадҳои илм, дотсентон Сангинов А. (АИКТ), Баҳодуров Ю. (ДМТ), Баротов А. М., Ахмедов М. З., Мамадов Э., Қурбонов А. (АИ ҶТ), Табаров С. (ДЭТ), Ғафуров Б. (Донишгоҳи тиббии Хатлон) ва дигарон дар пешрафту ташаккули таҳқиқоти илмии соҳаҳои кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, физика, риёзӣ, информатика, филология ва ғайра назаррас мебошанд.
Аз ҷумла, соли 2017 зери роҳбарии академик Раҳимов З. (АИ ҶТ), профессорон Исмоилов Ш. (ДМТ), Ҷамшедов П. (АИ ҶТ), Тағоймуродов Р. (ДДҚ ба номи Носири Хусрав), Сафаров Ҷ. (ДДҚ ба номи Носири Хусрав) як нафар устоди донишгоҳ Тағоева Т. М.(кафедраи назария ва методикаи таълими забони англисӣ) рисолаи докторӣ, шаш нафар Мирзораҳимов Ш. (кафедраи таҳлили математикӣ), Саидназаров Р. (кафедраи таҳлили математикӣ) Аҳмадов С. (кафедраи адабиёти тоҷик), Саидов Ҷ. (кафедраи адабиёти тоҷик), Олматова Ш. (кафедраи назария ва методикаи таълими забони англисӣ) Фатҳуллоев И. (кафедраи назария ва методикаи таълими забони англисӣ) рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Ҳамчунин дар соли 2018 шаш нафар устодони донишгоҳ Гулов Қурбон (кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ) Муродов Мусулмон (кафедраи кори бонкӣ), Муллоев Хурсандмурод (кафедраи кори бонкӣ) Шодиев Бурҳониддин (кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит), Ҳасанов Шуҳрат (кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ), Каримов Нусрат (кафедраи забон ва адабиёти рус) рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳоло 5-нафар омӯзгори дигари донишгоҳ рӯзи дифои рисолаи номзадияшон муайян гардидааст.
Дар соли 2018 корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 40 равия сурат гирифт, ки зиёда аз 60 мавзӯро дарбар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 674 номгӯйи кор, аз ҷумла 65 номгӯйи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва барномаҳо, 579 номгӯйи мақолаҳо ҷамъбаст кардаанд ва дар конференсияҳои байналхалқиву ҷумҳуриявӣ 328 гузориш намуданд. Аз ҷумла, дар конференсияҳои байналмилалию маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар зиёда аз 50 гузоришу мақола нашр намудаанд.