02.11.2024 сол
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДОНИШГОҲ
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва аз рӯйи нақшаи кории Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қабули шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад. Имрӯз, 2-юми ноябр аз ҷониби Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат қабули шаҳрвандон сурат гирифт.
Зимни муроҷиат донишҷӯён оид ба интиқолу барқарор ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.