
РАСУЛЗОДА КОМРОН БАХТИЁР
Расулзода Комрон Бахтиёр, 13-уми октябри соли 1993 таваллуд шудааcт. Пас аз хатми мактаб соли 2011-ум шомили шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуда, соли 2015-ум онро хатм намудааст.
Соли 2017-ум дорои дипломи дараҷаи магистри илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар номи Носири Хусрав гардидаст.
Аз соли 2014 дар нашрияи вилоятии «Хатлон» ҳамчун хабарнигор ва аз моҳи сентябри соли 2015 то 2019-ум ба ҳайси мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори омма фаъолият намудааст. Ҳамчунин, аз соли 2015-ум то моҳи майи соли 2025-ум масъули сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj, муаллифи беш аз сад мақолаи публитсистӣ мебошад.
Дар ин баробар аз 1-уми феврали соли 2019-ум то 12-уми августи соли 2020 омӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуда фаъолият бурдааст. Ба тариқи гузариш аз 12-уми августи соли 2020 то 3 – уми сентябри соли 2024 ба дар вазифаи сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст.
Аз 3-юми сентябри соли 2024 ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи “Хатлон” ва аз моҳи майи соли 2025 то ба ҳол ба ҳайси сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.
Рӯзи 6-уми марти соли 2025 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Нaқши мaтбуoти дaвpии мaҳaллӣ дap тapғиби caйёҳӣ вa ҳунapҳoи мapдумӣ (дap миcoли нaшpияҳoи дaвpии «Хaтлoн» вa «Caфo», coлҳoи 2018-2021)” бapoи дapёфти дapaҷaи илмии нoмзaди илмҳои филoлoгӣ aз pӯйи ихтиcocи 10.01.10 – Pӯзнoмaнигopӣ рисолаи илмияро дифо намуд.
Соли 2014-ум ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Ғолиби ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзноманигорони ҷавон» дар бахши чандрасонаӣ (сомона) соли 2015.
Ҳамчунин аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят “Беҳтарин хабарнигори ҷавон дар соли 2015» эълон шудааст.
– “Беҳтарин котиби матбуотӣ” дар озмуни “Нерӯи сухан” (2022).
– Ҳаммуаллифи маҷмӯаи «Навниҳолони боғи сухан» (2015) мебошад.
– Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти рақами 24, У аз 07.03. 2018).
– Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (таҳти рақам 14/017, аз 6.09.2023).
Нишонии e-mail: komronjon.tj@mail.ru.
Тел.: +992 93.703.23.23.
