ФАКУЛТЕТИ ТЕХНИКӢ ВА ТЕХНОЛОГӢ
Факултети техникӣ ва технологӣ соли 2009 ташкил шудааст. Факултет дорои се кафедра мебошад: кафедраи Нақлиёти автомобилӣ, кафедраи Методикаи таълими технология ва кафедраи Сохтмон.
Дар солҳои охир бо кумаки роҳбарияти донишгоҳ, кушиши деканат, мудирони кафедраҳо ва азму ғайрати омӯзгорон кори факултет куллан тағйир ёфта, шароити кории омӯзгорон ва дарсомӯзии донишҷӯён рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Дар факултет бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон «Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ» ташкил карда шуд.
Марказ бо ҳама асбобҳои муосири технологӣ, ба монанди дастгоҳҳои коркарди харротии чӯб, коркарди металл ва пластмасса, асбобҳои коркарди дастӣ ва барқии масолеҳҳо, инчунин мошинаҳои гуногуни дӯзандагии замонавӣ таҷҳизонида шудааст.
Дар марказ духтарон ва писарон метавонанд касбу ҳунарҳои гуногуни миллӣ ва замонавиро ба монанди кандакорӣ, кошинкорӣ, доғсӯс, дизайн, порагарӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ ва ғайраҳо аз худ намоянд.
Факултет донишҷӯёнро аз рӯйи даҳ ихтисос ба таҳсил фаро мегирад:
1-08010106 – Технология (аз рӯи самтҳо);
1-02060102 – Техология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ);
1-020602 – Технология аз рӯйи самтҳо (саноати полиграфӣ);
1-02060201 – Технология. Информатика;
1-08010109 – Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ);
1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ;
1-440302 – Ташкили ҳаракат дар роҳ;
1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
1-700202 – Санҷиш ва идораи амволи ғайриманқул;
1-03010602 – Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ.
Соҳаи фаъолияти касбии хатмкунандагони ихтисосҳои факултет: ихтисоси 1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ (муҳандис-менеҷер) – ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти автомобилию шаҳрӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, муассисаҳои хизматрасонии логистикӣ ва нақлиётию экспедитсионӣ, идора ва ташкили раванди кор дар муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, системаи нақлиётро дар бар мегирад;
Ихтисоси 1-440302 – Ташкили ҳаракат дар роҳ – бозрасии давлатии автомобилӣ, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, экспертизаи автотехникӣ муоинаи давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, корхонаҳои соҳаи таъмир ва истифодабарии нақлиёти автомобилӣ, корхонаҳои озмоишӣ ва ташхисӣ, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои хусусӣ ва идораи қисмҳои ҳарбии муҳандисиро дар бар мегирад;
Ихтисоси 1-700202 – Санҷиш ва идораи амволи ғайриманқул (муҳандис-мутахассиси амволи ғайриманқул) – тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, бинокорӣ, корандозӣ, баҳогузорӣ, экспертизаи лоиҳаю судӣ, таъмиру таҷдиди техникии бино ва роҳандозии талаботи рушди иҷтимоии корхонаҳоро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ бо дарназардошти хусусиятҳои соҳавӣ, техникӣ, технологӣ, ташкили истеҳсолотро дар бар мегирад;
Ихтисоси 1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ (муҳандис-сохтмончӣ) – лоиҳакашӣ, ҳисоб, конструксиясозӣ ва сохтмони биноҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ; фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаҳои сохтмони биноҳо, иншоот ва ҳисобӣ онҳо бо истифода аз барномаҳои компютериро дар бар мегирад;
Ихтисоси 1-08010109 – Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ) – муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ, миёнаи махсус, таҳсилоти олӣ, такмили ихтисос, муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи автомобил ва ташкилоти комплекси нақлиёти автомобилии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидориро дар бар мегирад;
Ихтисосҳои 1-080101-06 – Технология (аз рӯи самтҳо), 1-020601-01 – Технология. Информатика, 1-020601-02 – Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ), 1-030106-02 – Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва 1-02 06 02-07 – Технология (меҳнати техникӣ) – Физика – кор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии гуногуншакл омода карда мешавад.
Фаъолияти касбии хатмкунандагон – омӯзгори фанни технология, технология ва информатика, технология ва нақшакашӣ, технология, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ ва фанни технология ва физика мебошад.
Айни ҳол дар факултет 31 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо 12 нафарашон номзадони илм ва дотсентон мебошанд.

