ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Фаъолияти факултети филологияи тоҷик дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармонҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати профессорон ва устодони факултет бо мақсади таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори PhD, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот, корбасти тарзу усулҳои нави таълим, ривоҷи корҳои илмӣтаҳқиқотӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори илмии факултет кӯшиши беандоза зоҳир менамоянд Факултети филологияи тоҷик аз солҳои аввали таъсиси донишгоҳ амал менамояд.
Айни замон, дар факултет чор кафедра: адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, рӯзноманигорӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик мавҷуд буда, донишҷӯён аз рӯйи 11 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз ҷумла Забон ва адабиёти тоҷик, Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Фолклор, Филологияи Шарқ (Забони форсӣ). Забон ва адабиёти тоҷик. Алифбои ниёгон, Забон ва адабиёти тоҷик. Китобхонашиносӣ, Забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ, Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ, Забон ва адабиёти ӯзбек. Забон ва адабиёти тоҷик, Рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо), Журналист-тарҷумон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар факултет шуъбаҳои магистратура аз рӯи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва доктор РhD аз рӯи чор ихтисос: филология, адабиётшиносӣ, адабиёти тоҷик ва рӯзноманигорӣ фаъолият менамоянд.
Ба донишҷӯёни ихтисосу шуъбаҳои мазкур мутахассисони варзида ва олимону донишмандони шинохтаи улуми забон ва адабиётшиносӣ, ки аз онҳо 2 нафар докторони илм, профессорон, 25 нафар номзадҳои илм, дотсентон ва зиёда аз 20 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.
Шароити таълим дар факултет дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи илму маориф роҳандозӣ шуда, машғулиятҳо дар синфхонаҳои васеъу замонавӣ бо техника ва технологияи муосир гузаронида мешаванд Дар назди кафедраи рӯзноманигорӣ студияи хурди таълимӣ- таҷрибавӣ амал мекунад, ки барои ташкил ва гузаронидани дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ аз он васеъ истифода бурда мешавад.
Устодон ва донишҷӯён дар мавридҳои зарурӣ аз техникаҳои дар студия мавҷудбуда самаранок истифода намуда, баҳри сабту танзим, нигоҳдорӣ ва пахши ҷараёни машғулиятҳо, баргузории чорабиниву вохӯриҳо дар факултет ва донишгоҳ саҳм мегузоранд. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд ба студияи таълимии таҷрибавии назди кафедраи рӯзноманигорӣ 13 номгӯйи таҷҳизоти техникии соҳавӣ дастрас карда шуд, ки дар оянда устодону донишҷӯён метавонанд дар машғулиятҳои таълимӣ аз онҳо самаранок истифода намоянд.
Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни факултет чорабиниву суҳбатҳои судманд гузаронида мешаванд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик, аз ҷумла Фарзонаи Сафаралӣ, магистранти курси якуми ихтисоси филологияи тоҷик аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Устодони факултети филологияи тоҷик машғулиятҳои таълимии худро бо усулҳои фаъоли таълим мегузаронанд. Довталабони ихтисосҳои факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав хеле зиёданд.
Аз ин рӯ, довталабони азиз, фардоро бо интихоби дурусти касб бунёд намоед!

