Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ ва райёсати робитаҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ
Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба шумор рафта то ҳол 36 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамти илмиву таҳсилотӣ миёни ДДБ ба номи Н.Хусрав ва донишгоҳу марказҳои илмӣ, сафоратхонаҳои хориҷии ҳудудӣ кишварамон ва созмонҳои далати ва ғайри давлатӣ кишварҳои хориҷӣ чун ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи раёсати донишгоҳ ва раёсати робитаҳои байналимлалӣ қарор дошта, кўшиш ба харҷ дода шудаистодаст, ки ин ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф густариш ёбанд. Сол ба сол ҳудуд ва доираи ҳамкориҳои берунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимию ташкилотҳои хориҷии минтақавӣ ва кишварҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда шуда дар самти мазкур муфафақиятҳои нав ба нав роҳандози гардида истодааст.
Рафти бастани шартномаҳои ҳамкори дар соли
таҳсили 2024-2025
Яке аз омилҳои асосии рушди ҳамаҷониба ин тарбияи кадрҳои баландихтисосу рақобатпазири ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Рушди ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, табодулӣ донишҷӯёну магистрони донишгоҳ, ташкили Марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар нақшаҳои дурнамои раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ дар мадди аввал истода арои дар аммали намудани он чораҳои зарурӣ андешида шудастодааст. Бастани шартномаҳои ҳамкорӣ, тадбтиқи лоиҳаҳою барномаҳо бо муассисаҳои таълимиву илми донишгоҳои МТОК хориҷӣ, ташкилотҳо ва Сафоратхонаҳои хориҷии ҳудуди кишшварамон барои рушди фаъолияти илми, омӯзиши ва таълимӣ, ки ба боло рафтанаи сифати таълим ва маҳорати касбии омӯзгорон таъсири мусби расонида истодааст , дар ҳолати рушд қарор дорад.
Дар асоси дастури ҳукумати вилояти Хатлон, ризояти Вазорати маориф ва илмӣ ҶТ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ дар донишгоҳ “ Маркази омӯзиши забони кареягӣ” ба нақша гирифта шуда буд, ки барои ҳамкориҳо дар соҳаи маориф меҳмонон аз кишвари Корея, Раиси асосатсияи “Дустии Корея бо Осиёи Миёна” хонума Ло Ок Рён ва директори генералии Институти байналмилаӣ боғдорӣ, хонума Вики Ҳиюн дар санаи 14 марти соли 2024 ташриф оварда буданд, ки онҳо дар доираи вохури бо ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода М.Р. оиди кушодани маркази омӯзиши забон ва фарҳангӣ корея суҳбат намуданд.
Дар асоси ин вохуриҳо ва нақшаи раёсати донишгоҳ рӯзи 27- уми март консули Сафорати мазкур Ли Ҷисонг ба донишгоҳ ташриф оварда бо ректори донишгоҳ оид ба ташкил намудани “Маркази омӯзиши забон ва фарҳангӣ корея” дар донишгоҳ ва ҳамкориҳо, таъмини мутахассисони соҳибзабон барои таълимӣ забони кореягӣ ба хонандагони литсей, донишҷӯён ва омӯзгорони хоҳишманд, бастани шартномаҳо бо МТОК ин кишвар дар соҳаи рушди маориф, шартномаи ҳамкори ба имзо расид.
Бо ташрифи Сафири Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок ва муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар санаи 15.05.2024 “Маркази омӯзиши забон ва фарҳангӣ корея” кушода шуд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар мувофиқа ба Вазорати маориф ва илмӣ ҶТ ташкил карда шудааст, ки мутахассисони кореяги ба таълими забони кореяги равона гардида ба таълими хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони хоҳишмандони омӯзиши забони кореягӣ шуруъ намуда маоши онҳо аз тарафи Сафорати Корея пардохт карда мешавад.
Илова бар ин, Форуми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон «Соли 2030: афзалиятҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ки аз 14 апрел то 17 апрели соли 2024 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид Қурбонзода М.Р. – ректори донишгоҳ; Саиднуриддинзода А.С., Тоҳирҷонов Б.Т- сардори шуъбаи кор бо лоиҳа ва гранти донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар мавзӯи «Уфуқҳои ҳамкории байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» бо маърӯза баромад намуд иброз намуданд, ки дар шароити ҳамгироии минтақавӣ ҳамкорӣ барои пешбурди илму маориф аҳамияти ҳалкунанда дорад, ки дар навбати худ ба рушди устувори давлатҳо оварда мерасонад.
Инчунин ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар доираи иштирок дар Форуми дуюми ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 3 донишгоҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон — Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент ва Донишгоҳи милии таҳқиқотии «Донишкадаи муҳандисони иригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкент» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар моҳи апрели соли 2024 намояндагони Донишгоҳи Таразм ба номи М.Х. Дувлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ба донишгоҳамон ташриф оварда ба фаъолияти баъзе факултетҳо, марказҳои забономӯзи, синфхонаҳои лаборатори ва китобхонаю дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳи шинос шуданд.
Дар моҳи май соли 2024 директори Донишкадаи Гиётеи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон хонума Дилдора Муҳаммадаминова ва намояндаи Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маориф ва фарҳанг, хонума Яна Тис ба донишгоҳ ташриф оварданд. Дар вохури бо меҳмонон оиди дар оянда ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо донишгоҳо ва бастани шартномаи ҳамкори оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарка оиди таълимии забони олмонӣ, омода намудани мутахассисон дар ин соҳа ва кушодани маркази омӯзиши забони олмонӣ дар донишгоҳ ва ғ. суҳбат кардашуд.
Дар санаи 27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Форум сеюми ректорони Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳамкориҳои муваффақонаи кишварҳо, тавофуқоти мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф, илм баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳо миёни Беларус ва Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои гуманитарӣ рушди босуръат касб намуда, дар соҳаи маориф заминаи кофии меъёрию ҳуқуқии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташаккул ёфтааст.
Дар доираи Форуми сеюми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус Ёддошти тафоҳум ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2025-2027 ба имзо расонида шуд , ки дар ин замина аз тарафи ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав , профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиэлектроникаи шаҳри Минск, профессор Вадим Богуш оид ба масъалаҳои табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣва ғайра шартномаи ҳамкори дар фазои тантанавӣ баста шуд.
Дар нимаи дуюми ҳамон рӯз дар форуми мазкур бо иштироки ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ва ректори Донишгоҳи давлатии Поленски Ҷумҳурии Беларус ҷаноби Дунай Валлери Иванович оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғ. шартномаи ҳамкори баста шуд.
Дар доираи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва ташабуси раёсати донишгоҳ ва Сафорати Корея аз Донишгоҳи Йонгнами Кореяи ҷанубӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар санаи 5.09.2024 намояндагони донишгоҳи мазкур дар ҳайъати се нафар:
— муовини ректори донишгоҳи Йонгнами Корея Ҷим Чаун;
— сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ Ли Вонёнг;
— корманди раёсати робитаҳои хориҷӣ Ли Ҷиян ташрифи оварданд.
Дар фазои тантанви байни донишгоҳои мазкур шартномаи ҳамкори оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарка оиди таълимии забони кореягӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи информатика дар зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳҳо ва дар оянда кушодани ихтисоси забони кореяги дар дар факултети забонҳои хориҷӣ, курсҳои такмили омӯзгорон ва ғ. бастата шуд.
Ҳамкориҳо бо ташкилотҳои хориҷӣ
Ҳамкорї бо муассисањои илмї-тањќиќотї ва созмонњои байналмилалї аз самтњои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба шумор меравад. Роњандозии њамкорињои гуногунсамти илмиву тањсилотї миёни ДДБ ба номи Н.Хусрав ва донишгоњу марказњои илмӣ, сафоратхонаҳои хориҷии ҳудудӣ кишварамон ва созмонҳои далати ва ғайри давлатӣ кишварњои хориљї чун њамешагї дар мењвари таваљљўњи раёсати донишгоњ ќарор дошта, кўшиш ба харљ дода шудаистодаст, ки ин њамкорињо густариш ёбанд.
Дар тулли 3 соли ҳамкори бо Лоиҳаи Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба техногологияи рақамӣ-инклюзивӣ, ташкилоти “Good Neighbors International” дар Ҷумҳурии Точикистон ба донишҷӯёни мо дар самти илми технологияи пешрафтаи рақамӣ ва тиҷорати электронӣ курсҳои омӯзишӣ ташкил намуданд, ки ҳамаи хонандагон баъди хатми курсҳои омӯзишӣ соҳиби сертификат гаштанд.
Намояндаи Сафоратхонаи Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе Игор бурлаков, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии забони русӣ ба номи А.С Пушкин Краваченкова Е. А. ва намояндаи ҷамъияти “ Дом русского зарубежье “, ба донишгощ ташриф оварда аз Маркази омӯзиши забони русӣ “Русская пространство”-и факултети забон ва адабиёти рус дидан карданд.
Аз тарафи меҳмонон дар факултети забон ва адабиёти рус ярмарки китобҳо таълимиӣ, бадеӣ, таърихӣ ва ғ. ташкил кард шуда бо омӯзгорон ва магистрони факултети мазкур як дарси “Мастер класс” гузаронида шуда баъдан аз анҷоми ярмарка ҳамаи китобҳо ҳамчун туҳфа ба Маркази омӯзиши забони русӣ тақдим карда шуд.
Ташкил ва гузаронидани такмили ихтисоси омӯзгорони доннишгоҳ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ
Барои такмили омӯзгорони донишгоҳ бо иштироки ҳузурии мутахассисон аз МТОК шарикони рушд аз тарафи раёсати робитаҳои байналмилалӣ вобаста ба имкониятҳо корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай дар асоси хатсайри тартибдода моҳи апрели соли 2024 дар ҳаҷми 72 соат курси такмили ихтисос дар факултетҳои забон ва адабиёти рус ва забони ангнлисӣ гузаронида шуда ба 27 нафар аз ихтисоси забон ва адабиёти рус ва 2 нафар ихтисоси забони англисӣ шаҳодатномаи такмили ихтисос супорида шуд.
Илова бар ин дар мохи октиябри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳидавлатии педагогии Алтай дар асоси нақшачорабиниҳои тартибдодаи раёсати робитаҳои байналмилалии ҳарду донишгоҳ, курси такмили ихтисос барои омӯзгорони тахасусӣ ва омӯзгороне,ки дар гурӯҳои таълимашон ба забони русӣ дарс мегуянд аз руи барономаи “ Забони рустӣ дар муоширати професионалӣ” бо иштироки мутахассисони донишгоҳи мазкур Казюк Нина Василевна ва Киселева Оксана Анатолевна дар ду гурӯҳ гузаронида шуд.
Барои баланд бардоштани дараҷаи касбият, омӯзиш ва истифодаи усули таълимии навин ва дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода бурдан, мудири кафедари методикаи таълими забони руси Ҳакимов Ҳасан Турсунович курси такмили ихтисосро аз 24.11.2024 то 28.11.2024 дар шаҳри Москва аз ҷониби Фонди “Школа для иностранных педагогов” гузашта сазовори сертификат гардид.
Илова бар ин омӯзгорони факултети забони англисӣ Маҳмадиева Гулчеҳра ва Қодирова Муҳабат аз 7.11.2024 то 9.11.2024 даври аввали курси такмили ихтисосро, ки аз се давра иборат мебошад гузаштанд. Курси такмили ихтисос барои омӯзгорони забони англисӣ дар Донишгоҳи Осиё дар шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардошани маҳорати касбии омӯзгорон саҳмгузор мебошад.
Муқоисаи курси такмили ихтисоси омӯзгорони донишгоҳи ДДб ба номи Носири Хусрав бо ҷалби мқтахассисони хориҷӣ дар 4 соли охир.
Табодули таҷриба дар ДДБ ба номи Носири Хусрав
Дар асоси дастури ректори донишгоҳ оид ба рушди табодули донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорон аз тарафи раёсати робитаҳои байналмилалӣ чораҳои запрури андешида шудаистодааст. Аз он ҷумала дар асоси ризояти Вазорати маориф ва илм ва дастгирии шарики рушд Шурои амрикои оид ба маорифи байналмилалӣ Кабиров Шарифбек Абдусаломович, омӯзгори факултети забони англисии аз 12-24-уми марти соли 2024 дар шаҳрҳои Кентаки, Оҳаё ва Флоридаи Амрико ҷиҳати бозомӯзӣ дар барномаи “Омӯзиши забони англиси ҳамчун забони дуюм” иштирок намудам, ки дар байни 200 нафар иштирокчиён ягона намоянда аз Ҷумҳурии Тоҷикстон буд.
Дар санаи 26-уми гурӯҳи устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, профессор Сатторов Абдурасул ва дотсент Шарипов Сангимурод ҷиҳати рушду тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷриба ва ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фарогир ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ташриф оварданд.
Ҳайъати мазкур 30-юми сентябр дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодул ва истифодаи таҷрибаҳои самаровари ҳамдигар ба Донишгоҳи давлатии Бухоро ташриф оварданд.
Сафари хизматии омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав, дотсентон Ғафуров Б.А, Қурбонов А.С. ва Ятимов П.М. ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои иштирок дар семинари илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои кимиёи
Иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ
Рӯзи 26-27 уми Апрели соли 2024 мо омӯзгорони кафедраи курси амалии забони англисӣ Сабуров Абдухолиқ, Маҳмадиева Гулчеҳра, Саидова мавҷуда ва инчунин омӯзгори забони англисӣ ба конференсияи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистони баргузор гардиддар мавзӯи “Эҳтиром ба гузашта, омодагӣ ба оянда: омӯзиши забони англисӣ имрӯз “ бо мувофақият иштирок намуданд.
Иштироки профессор Комили Абдулҳай дар Форуми байналмиллалии “ Ганҷи асрҳо: Мероси хаттии Узбекистон”, ки 22 октиябри соли 2024 дар Институти шарқшиносии ба номи Ал-Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон,шаҳри Тошкант баргузор гардида буд.
Рӯзи 21 сентябри соли 2024 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси «Ҷумҳурии Мардумии Чину Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табодули афкори дуҷониба оид ба ислоҳот ва рушди таҳсилоти олӣ» баргузор шуд, ки дар он муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд Акбар ва сардори шуъбаи кор бо лоиҳа ва гранти донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, Тоҳирҷонов Беҳруз Тоҳирҷонович иштирок намуданд.
Аз 17 то 18 августи соли 2024 дар Ҷумҳурии Қазокистон кнференсияи байналмилаӣ омӯзгорони забонӣ англисӣ дар марказаи Асасиятсияи омӯзгорони забони англисии шаҳри Алмато баргузор гардид,ки омӯзгорони факултети забони англисӣ мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ Гулҷаҳон Қаршиева, кординатори МЗЗА Муродова Зебо ва Қодирова Муҳабат фаъолона иштирок намуданд.
Ташкил ва гузаронидани дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), мизҳои муддавар, конфронсҳо, семинарҳо бо шарикони рушд.
Дар соли 2024-2025 тибќи шартномаҳои ҳамкорї ва барномаҳо бо истифода аз технологияњои навини иттилоотї, тариқи маҷозӣ (онлайни) зиёда аз 77 конференсияњо, семинарҳо, мизњои мудаввар, хондани лексияњо ва иштирок дар онњо бо якчанд донишгоњу донишкадањои хориљи кишвар амалї карда гузаронида шудааст.
12-ноябри соли 2024 конфененсияи байналмилалӣ илмӣ-назариявии маҷозӣ байни ДДБ ба номи Носири Хусрав, донишгоҳои Осиёи Марказӣ ва ташкилкунандаи ин конфиренсия Донишгоҳи давлатии Риязан ба номи С.А Есенин дар соҳаи варзиш баргузор гардид.
Чорабиниҳои таълимӣ бо донишҷуён дар ҳамкори бо шарикони рушд.
Донишгоҳи педагогии Алтай дар Маркази “Фазои русӣ”–и факултети забон ва адабиёти рус аз 28.10.2024 то 02.11.2024 фестивалӣ “ Русская ярмарка” бо иштироки мутахасоссони донишгоҳи мазкур бо роҳбарии мудири кафедраи забон ва адиёти рус забони рус Олга Виктровна Маринадар мавзуҳои қироати шеър дар васфи Тоҷикистон ва Россия, виктарина оид ба адабиёти класику муосири русу тоҷик гузаронида шуд.
Фаъолияти марказҳои омӯзиши забони англиси, русӣ ва кореягӣ
Маркази захиравии забон кореягӣ
Барои самаранок истифода бурдани марказ ва баланд бардошткни сифати таълими забони кореягӣ бо дастури ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо мутахассисони забони кореягӣ Ҷу Мун Су ва Квон Бён Ок ба муҳлати як сол шартномаи ҳамкорӣ баста шуд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар як ҳафта се руз аз соати 900 то 1700 дар мувофиқа бо раёсати робитаҳои байналмилалии ДДБ ба номи Носири Хусрав ташкил карда шудааст, ки ду нафар мутахассисони кореяги ба таълими забони кореяги машғул буда мувофиқи ҷадвали дарсии маркз ду гурӯҳ хонандагони литсейи донишгоҳ, се гурӯҳ донишвӯён ва омӯзгорони хоҳишмандони омӯзиши забони кореягӣ ба таълим фаро гирифта шудааст.
Фаъолияти Маркази «Русское Пространство»
Дар маркази мазкур курсҳои омӯзиши забони русӣ бо дастгирии Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи славиянии Русия- Тоҷикистон оғоз гарди, ки саромӯзгорони факултети забон ва адабиёти рус Алихонова Гузел Хикматовна — кординатори Маркази «Русское Пространство» ва Зулфия Бузбаловна — омӯзгори ин марказ таъин карда шуданд.
Маркази захиравии забони англиси (МЗЗА—ERC) дар факултети забони англисӣ
Дар асоси шартнома ва ҳамкории тарафайн дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илмӣ ҶТ аз тарафи Шуроӣ маорифи байналмилалии Амрико дар факултети забони англисӣ “Маркази захиравии забони англисӣ (МЗЗА-ERC) “ фаъолият мекунад. Кординатори марказ омӯзгори пуртаҷриба Муродова Зебо мебошад, ки ҳамарӯза барои гузаронидани маҳфилҳои забони англисӣ, тренингҳои омӯзгорон , истифодаи техналогияи замонавӣ дар раванди дарс, омод намудани аёниётҳо ва дигар омилҳои дарсӣ ёри мерасонад.