
Декани факултети факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот.
Почтаи элек:
Телефон:
Имомализода Баҳодур Бобомурод соли таваллудаш 1988, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2005 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» дохил шуда, соли 2011 донишгоҳи мазкурро бо муваффақият хатм намуда, аз 7-уми ноябри соли 2007 дар ҶДММ “ФИНКА”, ҳамчун мутахасиси қарздиҳӣ оғоз намуда, соли 2008-2009 сармутахасиси қардиҳӣ дар худи ҳамин ташкилот ва солҳои 2009-2011, ҳамчун менеҷери кредитӣ кору фаъолият намудаст. Аз соли 2011 то 2015 дар ташкилоти қарзии ҶДММ “МолБулак”-и Федератсияи Россия шаҳри Нижниӣ Новгород фаъолияти корӣ намудааст. Аз соли 2017 то моҳи январи соли 2020, ҳамчун омӯзгор ва ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ дар факултаи менеҷмент ва низоми гумрукии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз соли 2021 то соли 2023 муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, аз 1 сентябри соли 2023 то инҷониб нозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз 1 сентябри соли 2024 мушовир эдвайзери шуъбаи ғоибонаи факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, аз 16 сентябри соли 2025 декнаи фаултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият менамояд.
