ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ
Факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо қарори Шурои олимони донишгоҳ ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2001 таъсис ёфтааст. Фаъолияти ҳамаҷонибаи садорати факултет барои амалӣ намудани корҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ, методӣ ва тарбиявӣ равона карда шудааст.
Ҳоло дар факултет 3 нафар доктори илмҳои таърих, профессор, 10 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 8 нафар аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 нафар узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Дар факултет ихтисосҳои зерин амал менамоянд.
1. Таъриху фарҳангшиносӣ.
2. Таърих, ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ).
3.Таъриху бостоншиносӣ,
4.Таърих (умумӣ ва ватанӣ)
5.Таърих (аз руйи самтҳо)
6.Таъриху диншинос.
Дар факултет мутахасисони касбӣ дар соҳаи таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ омода мегарданд. Донишҷӯён баъди хатми зинаи бакалаврӣ метавонанд дар зинаҳои таҳсилоти магистратура ва доктор PhD низ таҳсили худро дар факултет идома диҳанд.
Дар соли ҷорӣ 35 нафар донишҷуёни факултет тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд ва 1 нафар гирандаи идрорпулии президентӣ мебошад. Инчунин барои фаъолияти пурсамар 1 нафар донишҷуи факултет гирандаи идрорпулии раиси вилоят мебошад.
Дар назди кафедраҳои факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён “Ориён”,“Муаррих-кишваршинос”, “Пажуҳандагони Аҷам”,”Муаррихфарҳангшинос” фаъолият менамояд, ки шогирдон дар онҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Дар назди факултет осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ фаъолият менамояд. Фаъолияти солонаи хуби осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии назди факултет дар соли 2025 қобил ба ёдоварист. Аз ҷониби кормандони факултет ва донишҷӯён ҳамасола фонди захиравии осорхона ғанӣ мегардад.

