Шӯрои бонувони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз  созмонҳои ҷамиятии донишгоҳ буда, дар тӯли фаъолияти босамари хеш дар пешрафти соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши босазо гузоштааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсиси донишгоҳ шӯрои бонувон баҳри даъвати духтарони деҳотӣ ба таҳсил камари ҳиммат баста, то имрӯз ин анъанаи некро идома дода истодааст. Шӯро пайваста дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ дар рушду бомаърифат кардани занони донишгоҳ нақши амиқе гузошта меояд.
        Аввалин раиси шӯрои занони донишгоҳ аз ҳисоби омӯзгорон Волкова Р.Ф. ва аз ҳисоби донишҷӯён собиқ донишҷӯи факултети филологияи рус, собиқ ноиби ректор оид ба тарбия Муминова Д.Н. буданд. Қайд намудан зарур аст, ки дар солҳои хониши 1980-1988 афзоиши теъдоди духтарони маҳаллӣ равшан мушоҳида мешуд ва гоҳо шумораи онҳо баробари писарон қарор дошт, ҳол он ки дар қабули соли аввали таълимгоҳ миқдори умумии духтарҳо танҳо 10 нафарро ташкил медод. Шӯрои бонувон дар факултету шуъбаҳо шӯрои худро созмон дода, дар пайваста чорабинию барномаҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои «Нақши зан дар ҷомеа», «Занон ва замон», «Зан дар ҷаҳони мутамаддин», «Зан дар масири таърих»,  маърӯзаю шабнишиниҳо баргузор менамоянд.

        Баъди дигаргуниҳои сохтори ҷомеа кори шӯрои бонувон низ боз ҳам фароху доманадор гардид. Яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ин даъвати духтарони маҳаллӣ ба таҳсил буд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули духтарони деҳот бо квотаи президентӣ ва бе супурдани имтиҳоноти қабул иқдоми саривақтӣ буд. Ҷавобан ба ин фармон шӯрои бонувон низ соле 2 ва 3 маротиба ба мактабҳои ноҳияҳои дурдаст ба сафари хизматӣ рафта, бо хатмкунандагони мактабҳои миёна суҳбату вохӯриҳо доир намуда,  онҳоро бо фаъолияти, сохторҳои донишгоҳ, факултетҳо, ихтисосҳо, шароити хобгоҳ ва дигар имкониятҳои муассиса шинос намуда, дар ҷалби духтарон ба таҳсил мусоидат менамояд.

         Дар давраи фаъолияти Шӯро ба он бонувоне роҳбари намудаанд, ки худ намунаи ибрат буданд. Бо гузашти вақт раиси шӯрои бонувони донишгоҳро – омӯзгори кафедраи усули таълими ибтидоӣ Баротова Рӯзигул ба зимма дошт. Мавсуф дар инкишофи шӯрои бонувон саҳми арзанда гузоштааст. Баъдан, вазифаи раиси шӯрои бонувони донишгоҳро Абдолова И.Б. – омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ, Асанова Ватансултон – саромӯзгори кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, Маназарова Назира – саромӯзгори кафедраи усули таълими риёзӣ, Сиддиқова Зӯҳро Қодировна – дотсенти кафедраи педагогика ва психология, Алиханова Гузел Ҳикматовна, Абдуллоева Саноат Шарифовна, Рустамзода Муқаддас Рустам ба уҳда доштанд. Дар айни замон ба ҳайси раиси шӯрои бонувони донишгоҳ устоди кафедраи молияи факултети иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Нурализода Наргис фаъолият намуда истодааст.

          Шӯрои бонувон баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» тадбирҳои амалиро тақвият бахшида истодаанд. Онҳо тибқи барномаи «Зан ва ҷомеаи муосир» амал намуда, силсилаи чорабиниҳоро бо сохторҳои донишгоҳ, ташкилоту муассисаҳо ва бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ ба нақша гирифта, фаъолияти зани тоҷикро ҳамқадами ҳаёт гардонида истодаанд. Садорати донишгоҳ низ баҳри татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои назаррасеро анҷом дода, беҳтарин занҳои фаъолу соҳибунвонро ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ  намудааст. 

           Айни ҳол дар донишгоҳ зиёда аз 20 нафар занон дар  вазифаҳои роҳбарикунанда, аз љумла Абдуллоева Саноатхон Шарифовна  номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети забонҳои хоричӣ, Ойматова Ҳоҷармоҳ номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети физика-математика, Рустамзода Муқаддас  номзади илмҳои педагогӣ, декани факултети забони русӣ, Тағоева Табассум доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисии факултети забонхои хориҷӣ, Маҳкамова Дилором номзади илмҳои филологї, мудири кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тољик, Шамсуддинова Рафоат Саидовна номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус, Толибова Гулчеҳра Ҷамиловна номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи курси амалии забони англисӣ, Сафархоҷаева Зарина Азамовна мудири кафедраи курси амалии забони русї, Шамсуллоева Сабоҳат Сайфуллоевна номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи  методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ,  Ҳасанова Холмоҳ  Тағоевна, мудири китобхонаи донишгоҳ кор ва фаъолият намуда истодаанд. Дар айни замон дар донишгоҳ зиёда аз 174 нафар занони омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 33 нафарашон номзадҳои илм,  11 нафар  саромӯзгор ва боқимонда омӯзгору ассистент фаъолият доранд.  Боварї дорем, ки сафи занони дорои дараҷаи илмидошта аз ҳисоби занони унвонҷӯй меафзоянд.

          Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи факултетҳо  шӯрои бонувон амал намуда, фаъолияти хешро дар асоси нақшаи кории шӯрои бонувони донишгоҳ ба роҳ мондаанд. Айни замон  дар донишгоҳ зиёда аз 7504 нафар донишҷӯдухтарон дар зинаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд, ки  аз ин шумора 2828 нафар дар шуъбаи рӯзона, 4603 нафар дар шуъбаи ғоибона, 73 нафар дар шуъбаи магистратура мебошанд, ки аз онҳо 227 нафарашон тибқи Квотаи президентӣ мебошад.