Шоми 12 – уми сентябр мувофиқи нақша чорабиниҳои кории шуъбаи тарбиявии Шурои донишҷӯёни хобгоҳ баргузор гардида дар он Нурализода Наргис, иҷрокунандаи муовини ректор оидба тарбия, полковники милитсия Файзализода Ворис Файзали муовини сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар, Абдуллоев Неъматулло, полковникӣ милитсия, Аюбов Маҳмадраҷаб, Сардори шӯъбаи огоҳонӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонон дар шаҳри Бохтар, Эмомалӣ Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишҷӯёну дигар кормандони сохтори шуъбаҳо вохӯри анҷом доданд.
Дар идомаи вохӯри Нурализода Наргис, иҷрокунандаи муовини ректор оид ба тарбия баромад намуда, қайд намуданд, ки дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз таъмири пурра бароварда шуд.
Баъд аз таъмири пурраи хобгоҳи дониҷӯён ректори донишгоҳ муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат таъкид доштанд, ки истиқомат намудани дониҷӯён аз корбарии бахшу шӯъбаҳои тарбия алоқаманд буда, дар ин самт корро ҷонок намоянд.
Аз ҷониби мудирони бахши тарбия таъкид гадид, ки чунин чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани завқӣ эстеткиӣ, сарфакорӣ ва буду боши донишҷӯён дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Зимнан, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар, полковники милитсия Файзализода Ворис Файзалӣ доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии онҳо аз ҳар гуна гурӯҳҳои номатлуб, мақсаднок истифода намудани телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҳар гуна амалу кирдорҳои ношоиста ва доир ба тинҷию оромӣ баромад намуда, такид дошатнд, ки надонисани қонун аз ҷавобгари озод намекунд. Махсусан донишҷӯён бояд донанд, ки чунин амалашон ғайри қонуни баҳисоб рафта бояд, рӯ ба хондан биёранд.
Дар идомаи вохӯри Набизода Эмомалӣ, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ ва Абдуллоев Неъматулло, полковникӣ милитсия доир ба иҷрои бандҳои Консепсияи милии тарбия ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба Ватан ва ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар охир аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бештар хонанд ва донишҳои муосири худро сайқал диҳанд.