Муродов Алишер Аслонхонович, номзади илмҳои филология,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар сулҳ, ваҳдат ва Мусолиҳаи миллиро оварда, бинои давлатдории миллатро пас аз ҳазор соли бедавлатӣ бунёд намуд…
Сулҳ, ваҳдати миллӣ омили асосии пешравии ҷомеаи навини кишвари азизамон маҳсуб мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ ва амнияту оромӣ дар радифи дигар муқаддасот дар сарнавишти миллати тоҷик мақоми шоиставу ҷойгаҳи хос дорад.
Мардуми шарафманди кишвар ин санади сарнавиштсозу таърихиро азизу муборак дониста, онро ҳамчун рамзи хушбахтиҳо, пайки шодмонию сурур, гардиши бузург дар тақдири миллату пойдории амнияту субот арзёбӣ менамоянд.
Ба ёд овардани ин рӯзҳои махуфу хатарзо, ки халқи тоҷик дар ду сангари оштинопазир қарор доштанд, хеле ҳузнангезу ногувор аст. Аммо зарур мешуморем, ки ба хотири сабақҳои таърихию тақдирсози миллат аз он ёдрас шуда, ҷавонону наслҳои ояндасозро ҳушдору таъкид намоем, то ба қадри осудагиву ороми, осмони софу беғубор ва зиндагии неки имрӯза бирасанд.
Донишманди маъруф, профессор А. Холиқзода дар мақолааш “Бунёдгузори давлати миллӣ ё ҳафт дастоварди бузурги Пешвои миллат” роҷеъ ба хизматҳои арзишманди ин чеҳраи бузургии сиёсии миллат чунин андешаҳо баён доштааст: “Яке аз дастовардҳои бузурги Роҳбари давлат дар замони муосир таъмини фазои озоди демократӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ, заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ва рӯ овардан ба сиёсати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд” [1, с. 46].
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ як зумра ашхоси ҳангомаҷӯй ва ифротгаро ба хотири ғасби давлат ва роҳандозии амалҳои зишту палидашон дар миёни ҷомеа тухми низоъъ, бадбинӣ ва ҳирси ҷангу куштори бераҳмонаи бародариро барангехтанд. Дар он замон хатари аз байнравии ватанро ба миён оварданд вале онҳо иродаи матин, сабру таҳаммул ва ақли мунаввари халқи тоҷикро шикаста натавонистанд. Ин ҳама ваҳшоният аз шарофати хиради азалии мардуми фарҳангсолори мо таҳти сарварию роҳнамоии Роҳбари давлат, меъмори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуди он ки ҳатто коршиносони байналмилалӣ бовар надоштанд, дар фурсати барои таърих кутоҳ ба пирӯзиву муваффақият анҷом ёфт .
Дар ин маврид, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, коршиноси байналмилалӣ профессор Эмомалӣ Насриддинзода банақши ин фарзонафарзанди миллат дар сулҳоварӣ баҳои олӣ додааст: “Қобили зикр аст, ки консепсияи сулҳофарӣ ва ба даст овардани ваҳдати милли тоҷикон ба сарварии бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳли ҷомеаи ҷаҳони ба сифати намунаи нобиғавии сулҳпарварӣ ва давлатсолорӣ пазируфта шудааст” [2, с. 4].
Маҳз созишномаи умумии истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои онро ҳифз карда, боз ҳам неруву тавон бахшид ва ҳастиву пояндагии Тоҷикистони азизро дар харитаи ҷаҳон ҷовидона гардонида, ҳифзу пойдории сулҳу оромӣ қарзи виҷдониву инсонии ҳар як шаҳрвандӣ кишварамон ба ҳисоб меравад.
Дарвоқеъ, ваҳдату иттиҳод, ҳамбастагию ҳамдигарфаҳмӣ, хушбинию ояндасозӣ, инсонсозӣ, меҳру муҳаббат инсондӯстию хайрхоҳӣ одамонро арҷманду соҳибэҳтиром мегардонад. Онҳоро аз ҳар ҷиҳат орому осуда мегардонад ва аз фардои босаодат ва зиндагии некбинона башорат медиҳад. Аммо кинаву адоват, нифоқу хусумат, бадбинию нафрат ва душмангароӣ ба ҷуз бадбахтию ноамнӣ дигар чизе ба бор намеоварад.
Инсоният дар масири таърих дар орзуву омоли ҳаёти осоишта, сулҳу дӯстӣ будаанд ва ин дурри зиндагиро қадршиносӣ мекарданд ва онро аз ҳама ҷангу пархош болотару волотар мегузоштанд.
Яке аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ сулҳу амниятро барои башарият аз ҳама дороиву сарвати дунё муқаддам донистааст:
Як ҳарфи суфиёна бигуям иҷозат аст,
Э нури чашми ман, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ [5, с. 14].
Хушбахтона, бо азму ирода ва матонати бемисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагӣ чун беҳтарин ва нодиртарин армуғон ба мардуми азияткашида ҳадя гардид.
Ин пирӯзии беназири миллат ба ному пайкори Роҳбари давлат иртиботи ногусастаниву ҷовидона дорад. Академик Муҳаммадюсуф Имомзода оид ба ин ҳадяи нотакрор андешаҳои хешро хеле ҳаққониву самимӣ иброз намудааст: “Бидуни таърифу муҳобот, маҳз бо ҷаҳду талошҳои пайваста кӯшишу ғайрати хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар меҳан хомӯш ва сулҳу ваҳдат пойдор гардид, ки он нодиртарин дастоварди халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад ” [4, с. 5].
Бояд зикр кард, ки ба мактаби сулҳофарию ваҳдатсозӣ ва давлатсозии демократии ҳуқуқбунёди Сарвари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои арзандаи сиёсӣ дода шудааст. Алъон ҷаҳони муосир аз мактаби ваҳдатофарии ин нобиғаи олами сиёсат дарси сулҳу субот меомӯзанд.
Дар ин маврид, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ба шуҷоату матонат ва корнамоиҳои безаволи Пешвои миллат чунин гуфтааст: “Истиқлилият ба Тоҷикистон ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳаққиқии Афғонистон аст” [4, с. 1].
Халқи тоҷик ба кору пайкор, арзанда ва роҳнамоиҳову ҳидоятҳои ин чеҳраи нотакрори таърихӣ баҳо дода, ӯро ба унвонҳои олӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор донистаанд.
Хушбахтона, аз файзу баракати ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли кишвар рӯз то рӯз рӯҳи худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба суннату фарҳанги ғании ниёгон, муҳаббат ба Ватан ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва марзу буми кишвар бамаротиб меафзояд.
Мардуми шарафманду фарҳангсолори тоҷик ба қадру манзалати сулҳу субот ва оромию осудагии кишвар мерасанд. Ва онро чун гавҳараки чашм муҳофиз ҳастанд. Мусаллам аст, ки инсоният дар тӯли таърих дар орзуи сулҳ, амну оромӣ муттаҳидию ҳамдилӣ мезистанд ва баҳри пойдории ин неъмати бебаҳо ҷонфидоиҳо намуданд. Зеро амнияту осоиштагӣ ба ҷомеаи инсонӣ хушбахтию пешравиҳоро эҳдо менамояд.
Ташаббус, иқдомҳои наҷиб ва нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори ваҳдат дар пойдории сулҳу осоиштагии мамлакат хеле бузург мебошад. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, хизматҳои бемисл, шоҳкориҳои ин абарманд дар ҷодаи ҳифзи давлату миллат самараи нек ба бор оварда, рушду суботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба куллӣ дигаргун гардид.
Ниёгону гузаштагон, шоирону донишмандон доир ба сулҳу осудагӣ панду андарзҳои ҷовидона, дастуру ҳидоятҳои ҳакимона гуфтаанд, чунки сулҳ, ваҳдату дӯстӣ манбаи муҳимми давлатсозӣ ба шумор меравад.
Дар сиёсати хирадмандонаву созанда ва таълимоти инсонгароёнаи Пешвои миллат нақши ҷавонону наслҳои ояндасоз ҳамчун афроди фаъолу масъулиятшинос мақоми меҳварӣ дорад. Бо иқдому ташаббусҳои бепоёни Пешвои муаззами миллат дар кишвари азизамон озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ мегардад.
Воқеан ин озмунҳои шуҳратфизо дар ҷомеа шаҳрвандии мо инқилоби маънавиро ба вуқуъ пайваста, аз файзу фурӯғи онҳо ҳаёти мо нурбахшу машъалафрӯз мешавад. Озмунҳои мазкур донишомӯзӣ, рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, ҳунари суханварӣ, одобу муоширатро дар ҷомеа тарҳи нав андохт.
Дар дарёфти истеъдодҳои оянда ин озмунҳо заминаҳои боэътимод гузошта, ташаккули инсони муваффақу ояндасозро тақвият бахшида, дар ниҳоди ҷавонон худшинсониву худогоҳӣ, шуури миллию ҳуввияти миллӣ, ҷавҳари инсонгароию меҳнатдӯстиро ҷилои сарсабз ато намуд.
Доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов дар иртибот ба масъалаи таълимоти Сарвари давлат перомуни рушди маънавиёт ва худшиносии миллат чунин назари андеша дорад: “Пешвои миллат на танҳо давлати тоҷиконро асос гузошт, балки рӯҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё кард, қувват бахшид. Аз ин имконияти таърихӣ синфи соҳибтафаккури мубориз бояд истифодаи аъзам намояд. Донад ва хулоса кунад, ки ояндаи миллат аз давлати миллӣ вобастагӣ дорад” [6, с. 3].
Пешвои муаззами миллат пуштибону таягоҳи халқи азизамон мебошад ва ҳама ободиҳову созандагиҳо, бунёди иншооти бузурги аср, эҳёи суннату армонҳои миллӣ, рӯ овардан ба илму ирфон, шукуфоию пешрафти рӯзафзуни кишвар аз ҳидояту роҳнамоиҳои ин чеҳраи мондагори миллат сарчашма гирифта, вазъи кишвар ва симои ватанамон рангину гуворро шудааст ва зиндагии мардуми шарафманди меҳан боз ҳам пурнишоту шоиста мегардад.
Ба яқин, ҳар халқу миллате, ки дар масири сулҳу ваҳдат собитқадам асту кулли арзишҳои инсониро гиромӣ медорад, ливои соҳибистиқлолӣ, озодманишӣ ва зиндагии муфаррахро бар фарози хеш ба гунаи дилпазир барафроштааст.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
1. Бунёдгузори давлати миллӣ – Пешвои миллат. –Душанбе, 2015.
2. Насриддинзода Э. Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти таърихии сулҳи тоҷикон / Э. Насриддинзода // Маорифи Тоҷикистон, № 5. – Душанбе, 2023.
3. Имомзода М. Асли пирӯзии Пешвои миллат / М. Имомзода // Маорифи Тоҷикистон, № 10. – Душанбе, 2020.
4. Нашрияи донишгоҳии “Фурӯғ”, аз 15-уми ноябри сол 2022, № 26.
5. Ҳофизи Шерозӣ Насиҳат гӯш кун, ҷоно… – Душанбе, 2016.
6. Ятимов С. Масъалаҳои ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” 21 апрели соли 2021, № 79.