Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки дар арсаи ҷаҳон чунин устоди сухан дорем. Шеъру қасоиди ӯ то абад зинда ва пойдор боқи мондааст.Устод Рўдакӣ ҳамчунон, ки дар замони зиндагии худ дар маснади маҳбубтарин шоир менишаст, имрўз низ бо шеърҳои нобу зулоли хеш аз ҳамон мақом бархўрдор мебошад. Анвори мондагори хуршеди эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рўдакӣ беш аз ҳазору сад сол гузашта бошад ҳам ба дунёи маърифат равшанӣ мебахшад:
Бе рўйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Бе васли ту кас чу ман бадомўз мабод,
Рўзе, ки туро набинам он рӯз мабод.
Бузургии устод Рӯдакӣ дар он аст, ки маҳз бо эҷодиёти ӯ шеъри тоҷикӣ – форсӣ аз ҷиҳати жанру мавзӯъ равиши умумии худро пайдо кард. Устод поягузори қасида, маснавӣ, ғазал ва рубоӣ барои пасояндагон маҳсуб мешаванд.
Устод Рӯдакӣ дар баробари шеъри оламгир офаридан аз илми мусиқӣ низ бархӯрдор буда, дар навохтани чангу рўд ва овозхонӣ дасти тамом дошта ва байти зерин ин гуфтаро тақвят мебахшад.
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к – ў суруд андохт.
Шоирони ҳама давру замонҳо бузургии табъи ӯро ситоиш карда, иқрор шудаанд, ки «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист». Худи шоир ҳам манзалати истеъдод, хирад ва ҳунари волои навозандагиву сарояндагиашро басе шоирона васф намудааст:
Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,
Расад марњабо аз замину замонам.
Ба савти навову ба сити маъонӣ,
Тараббахши рӯҳам, фараҳзои ҷонам.
Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки устод Рўдакӣ дар такмили сурудҳои дилангези классикии «Тарона» ва «Уфар» нақши муассир доштааст. Инчунин дар чакомаҳои қофиласолори назми Аҷам номи оҳангҳои қадими ромишгарон ва созҳои мусиқӣ зикр ёфтаанд, ки ба огоҳии комили шоир аз санъати мусиқӣ далолат мекунанд:
Бад – он замона надидӣ, ки аз ҷаҳон рафтӣ,
Сурудгўён гўё ҳазордастон буд.
*** ***
Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,
Фидои дасти қалам бод дасти чангандоз…
Устод Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ мефармоянд: «Гуфтан мумкин аст, ки бештари шеърҳои Рӯдакиро тоҷикони имрўза ба осонӣ мефаҳманд. Шеъри Рўдакӣ бисёр соддаву табиӣ буда, бар болои ин бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст».
Яке аз чакомаҳои хушоҳангу равони Рўдакӣ бо номи «Бўйи ҷўй Мўлиён» байни пиру барно маҳбубияти хоса дорад. Матни ин суруд беш аз 11 аср аст, ки бо таровату ҷозибияти худ замири ташнаи ошиқони каломи мавзунро шодоб месозад.
Ба мисоли ин шоир ҳалқии Ҷуиҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ низ рубоии зебое дорад, ки тақвиятбахши ин андеша аст:
Дарёб сухан, ки ҷовидон аст ҳанӯз,
Дар олами бенишон нишон аст ҳанӯз.
Кӣ гуфт, ки ҷўи Мўлиён хушкида?
Дар мисраи Рўдакӣ равон аст ҳанӯз.
Шеъри равони устод ҳанӯз ҳам дар дили садҳо маънисарёни баъдии ӯ боқи мондааст, ки аз ҳар мисрааш метавон садҳо дури маъни пайдо намуд. Ин аст, ки устодро бо унвонҳои олии инсони муаррифи намудаанд, ки ин ҳам кам аст.
Шамсов Ҷумъахон Исоевич – н.и.и,
дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети молиявию иқтисодии
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав