Самариддин Ҷ. – Омӯзгори кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Жарфшавии муносибати қудратмандон дар раванди ҷаҳонишавӣ заминае барои бунёд ва навишти таърихи таҳрифшуда ё дуруғинро ба миён меорад. Алъон дар фазои иттилоотию иҷтимоӣ мансубияти минтақаи қадимии Турон ба ақвоми турк мавриди таблиғу ташвиқ қарор дорад. Зимнан бояд пазируфт барои омодасозии тафаккури бегонапарастӣ, туркгароӣ фазои тафреҳӣ ба намоиши густурдаи филмномаҳои туркии хосияти таҳрифишудаи таърихи машғул буду мағжушшавии тафакури таърихӣ идома дошт.
Боясти эътироф кард хидмати муаррихону ҷуғрофиядонони миллатро, ки ҳаззорсолаҳо қабл аз марзи миллӣ гушзад намуда буданд ва инҷо мо бо зикри чанд назаре ботил будани Турони туркиро иброз хоҳем дошт.
Нахуст дар хусуси онки дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳр ҷуз тоҷикон касе зиндагӣ наменамуданд назари чанде аз сарчашмаҳоро меорем:
Ҷуғрофидони маъруфи тоҷик Ибни Ҳавқал дар “Сурат – ул – арз” зикри бардагони тукрии сукунатдоштаи берун аз марзи Мовароууннаҳрро менамояд [с.190]. Ба ин иктифо накарда Ибни Ҳавқал менависад, ки “саросари ҳудуди Мовароннаҳр ба ҷангоҳҳо наздик аст, аз ҷумлаи онҳо Хоразм то ноҳияи Аспеҷоб аст, ки бо туркони Ғуз ҳаммарз мебошанд.[с.136]. Иловатан ҷуғрофиёи сукунати туркҳоро муайян намуда боз таъкид месозад: “саросари Мовароуннаҳр марзҳои туркон аст, ки омодаи ҷанганд ва мардуми онҷоро субҳу шом таҳдид мекунанд” [с.137].
Маълумотҳои ҷуғрофиёии Ибни Ҳавқал ба асри IX марбут мебошанд ва баёни хитаи мавҷудияти ақвоми туркро дорад, ки берун аз марзи Мовароуннаҳр аст.
Зикрнагардидани Хуросон маънои иқомати туркҳоро дар ин минтақа ва хосатан даъвои туркистонро дар асри Х надошта ҷуғрофидони дигар Ибни Фақеҳ муаллифи асари маъруфи “Ал-булдон” тасвири антропологии тоҷикони Хуросонро намуда, аз муътақид будани тоҷикон ва дифои онҳо аз сарзамину ислом аз қавми бегонае чун турк зикр меосад.[с.9].
Албатта ин вазияти асри IХ ва аммо мо таъкиди дигаре дорем дар хусуси густариши ислом миёни туркон, дар “Осору-л-билод ва ахбору-либод” – и Қазвинӣ, ки ба асри ХIII марбут буда қисми зиёди онҳоро ба динҳои ибтидоӣ мутаалиқ медонад. [с.556]
Ҷуғрофиёи Хуросон дар дигар сарчашмаҳои таърихӣ, ба монандӣ: “Ал-булдон”-и ибни Фақеҳ [с.15], “Ҳудуд-ул-олам”- [с.53, 59-60], “Сурату-л-арз”-и Ибни Ҳавқал[с.162], “Масолику-л-мамолик” [с.23],“Аҳсану-л-тақосим фи маърифати-л-қолим” [с.426-437],“Осору-л-билод ва ахбору-л-ибод” [с.560], “Ҷуғрофиё”-и Ҳофиз Абру [с.44-45] ва ғайра зикр шуда сокинони таҳҷоии он тоҷикон таъкид мешаванд аз унсурҳои форсӣ сухан меравад. Илло ҳудудҳои зикрнамудаи сарчаҳмаҳоро бо сарҳадоти имрӯза муқоиса намоем, муайян мегардад, ки Хуросон сарзамини имрӯзаи Осиёи Миёна, Афғонистон, Шарқи Эрон, шимоли Ҳинду Покистон ва ҳатто як қисмаи Чинро низ фарогир буда идаои туркҳо нисбат ба Осиёи Миёнаро Туркистон гуфтани онҳо асоси илмияшро гум мекунад.
Туркистон
Сарчашмаҳои таърихи аз макони сукунати туркҳо ва ҳудуди Туркистони таърихӣ иттилоъ додаанд, ки Ибни Фақеҳ доир ба баъзе аз нажодҳои турк маълумот дода: “туғузғуз аз нажодҳои турк аст. Шаҳрҳои эшон бузургтарин шаҳрҳои турк аст. Ва марзашон Чин аст ва Таббат ва Харлуҷ ва Ғуз ва Баҷнак ва Таркаш ва Аркаш ва Хафҷоҳ ва Хирхиз. Ҳамаи шаҳрҳои турк шонздаҳ шаҳр аст” [с.21].
Тибқи сарчашмаи мазкур Тибет, Чин ва марзҳои Қазоқистону Муғулистон ватани аслии туркон ба шумор мераванд. Минҷумла “Ҳудуд-ул-олам” марзи сукунати турку тоҷикро муайян намудааст: “Машриқи ӯ ноҳияти Чин аст ва ҷануби вай баъзе Таббат аст ва баъзе Халлух ва мағриби вай баъзе Хирхиз аст ва шимоли вай ҳам Хирхиз аст. Ва ин ноҳият меҳтар ноҳият аст аз турк ва бештарин қавме буданд дар асл. Ва мулуки ҳама Туркистон андар қадим аз Туғузғуз будандӣ… ва мардумони ҷангианд ва бо силоҳи бисёр.
Ва эшон ба тобистону зимистон аз ҷой ба ҷой ҳамегарданд, бар гиёҳхорҳо ва ҳавоҳое, ки хуштар бувад” [с.46]. Ду нуқтаи кулминатсиони инҷо зикр рафта аст яке сарзамини сукунати туркҳо, ки берун аз марзи Хуросон аст ва дигар дар асри Х кучманчӣ будани онҳо. Иловатан “Ҳудуд – ул – олам” аз сарзаминҳои дигари турк, ба мисли Хирхиз, Халлух, Чигил, Тухс, Кимок, Ғуз, Биҷинок, Хифҷоҳ, Маҷғарӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷуғрофиёи маскунии ин қавмро берун аз хоки Осиёи Миёна нишон дода, ҳудуди зисти онҳоро қаламрави Тиббет, Чин, Муғулистон то сарҳадоти Рус мерасонад ва боз ҳам кучманчӣ будани онҳоро ишора месозад.
Муаллифи ҷуғрофиёи “Ҷаҳоннома” Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон зикри кишвари Туркистон намуда, ки аз барасии он низ метавон равшан сохт, ки ҷуғрофиёи Туркистон берун аз хоки Осиёи Миёна аст [с.103, 112, 150]. Ҳамин назарро Қазвинӣ низ зикр сохта дар асри XIII қаламрави онҳоро дар хоки Чину Муғулистон то сарҳадоти рус нишон медиҳад [с.547-555].
Маъруфтарин муаррихи давр, ки мансубияти арабӣ дорад Ибн Асир дар хусуси ватани туркҳо чунин оварда навишта аст “Ватани туркҳо иборат аст аз Қошғар, Баласоғун, Хутан, Тироз ва заминҳои ҳамсояҳои онҳо то сарҳадоти Мовароуннаҳр” [с.9]. таъкиди дигаре аз ҷониби вазири Элхонҳои муғул ҷуғрофидон ва муаррихи машҳур Рашиддудин Фазлуллоҳ аст, ки дар “Ҷомеъ-ут-таворих” қайд мекунад, ки “ақвоме, ки аз қадимулаҳд боз то ба акнун эшоро турк гуфтаанд ва мегуянд, дар саҳроҳову куҳҳои ва бешаҳои вилояти дашти Қипчоқ ва урус, Чаркас, Бошғурд, Таллас, Сайрам… ва ҳудуди вилояте, ки ба Туркистон ва Уйғуристон маъруф аст ва рудхонаҳое, ки мансуб аст ба ақвоми ноймон… ва кӯҳҳои Олтой… ва қишлоқи бисёре, ки маъруф аст ба Муғулистон… тамоми қабойили… эшон маскун буданд” [с.40].
Яъне таҳрифи таърих кори саҳл нест хосатан таърихи миллате, ки фарҳехтагонаш ҳамеша муштоқи қаламу навиштору таълиму тадрис будаанду родмардонаш бунёдгузорони давлатҳои миллие дар раванди арабмаобӣ буданд. Хосатан чӣ Туркистон чӣ Осиёи Миёна номгузорӣ ва тақсимоти сиёсии таърихи навини минтақа ба шумор рафта ба ҷуз ҳадафҳои сиёсӣ иртиботе ба миллати куҳандунёдӣ минтақа надорад. Дар чунин вазъ моро алорағми ин паёмадҳо таълими таъриху таблиғи фарҳанги миллӣ мебояд….
Феҳрасти манобеъ
1. Ибни Ҳавқал. Сафарнома. (Эрон дар “Сурату – л – арз”)
2. Тарҷумаи Ҷаъфар Шиор. – Теҳрон. 1366. 401 с.
3. Ибни Фақеҳи Ҳамадонӣ. Китобу-л-булдон. Теҳрон, 1369.
4. Қазвинӣ Закариёи. Осору-л-билод ва ахбору-либод, -Душанбе: 2018, 648 с
Ибни Хурдодбеҳ. Масолик ва мамолик. Тарҷумаи Саъид Хокарнад. -Теҳрон: Мероси Миллал, 171, 232 с.
Мақдисӣ Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади. Аҳсану-л-тақосим фи маърифату-л-қолим. Тарҷумаи Алинақӣ Манзавӣ. Чопи аввал. Бахши дувум. -Теҳрон: Амир Кабир, 1361, 810 с.
Ҳофиз Абру. Ҷуғрофияи таърихии Хуросон. Мусаҳҳеҳ Ғуломризо Вараҳром. Интишороти бунёди фарҳангии Эрон. – Теҳрон. Чопи аввал. 1380, 164 с.
Ҳудуд-ул-олам. Таҳияи Абдуҷамол Ҳасанов. – Душанбе: Бухоро, 2014, 588 с.
Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон. Ҷаҳоннома. Муқаддима, таҳия, таълиқот ва феҳристи Фирӯза Қодирова. -Хуҷанд: Хуросон, 2019, 193 с.
Рашидуддин Фазлуллоҳ. Ҷомеъ-ут-таворих. Ҷ.аввал, -Теҳрон: Албурз, 1373, 776 с.
Ибн ал-Асир. Ал-Комил. Тарҷумаи Али Ҳошими Ҳоири. – Теҳрон, 1368.–684 с.