Дар донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи корӣ ҷаласаи раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст, раиси ҷаласаи раёсат, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иштирокчиёнро бо масъалаҳои муҳокимашавандаи рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи раёсат аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома, гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ, дотсент Наимов Бекмурод вобаста ба ҳолати феълии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултетҳои химия ва биология, физика, техникӣ ва технологӣ шунида шуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ахбороти муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Нурализода Наргис вобаста ба ҳолати риоя намудани либосҳои тавсиявӣ, иштирок ба дарсҳо, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим ва бо мошинҳои шахсӣ омаду рафт накардани донишҷўён ба донишгоҳ дар партави иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3.03.2006,№94» ва «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷўён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2016, №237, шунида шуд
Дар масъалаҳои ҷорӣ, бобати сафарҳои хидматии муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Х.А., ки дар шаҳраки Венчуан Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон, шаҳри Урумчии вилояти автономии Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Чин ҳузур доштанд, ба ҳозирин ҳисобот доданд.
Баъд аз ҳисоботи муовини ректор оид ба таълим, Сафарбекзода Ҳ.С. муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ низ сафари хидматӣ ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷуҳурии Ӯзбекстон, ки барои ҳамкориҳои илмӣ миёни донишгоҳҳо низ ҳисобот дод.
Дар охири ҷаласа, раиси ҷаласа баъди баррасии масъалаҳо ва қабули қарорҳои мушаххас ба иштирокчиёни ҷаласа муваффақияту сарбаландӣ таманно намуд.