“ЗАБОН – ПОЯ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ”, – таҳти ҳамин унвон имрӯз, 4 – уми октябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ – адабӣ бахшида ба «Рўзи забони давлатӣ” бо ташаббуси факултети филологияи тоҷики донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи забони тоҷикӣ” шодбош гуфта, аз марҳилаҳои таърихии забони тоҷикӣ ва рисолати он ёдовар шуданд. Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат роҷеъ ба гиромидошти ин рукни ҳастии миллату давдат ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ сухан намуданд. Дар идомаи конференсияи илмӣ – адабӣ Раҳмонов Маҳмурод оид ба марҳилаҳои ташаккули таърихии забони тоҷикӣ ва эҳтиром доштани мо ба он маърӯза намуд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ – адабӣ аз ҷониби дастаи ҳаваскорони ” Левакант” пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.