Имрӯз, 5 – уми октябр дар кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” таҳти унвони “Бозтоби масъалаҳои забони тоҷикӣ дар ВАО-и маҳаллӣ” баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини декани факултети мазкур оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои филологӣ Маҳмадалиева Муҳаббат, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарипов Сангимурод, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Назаров Меҳрубон, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Мусовирова Фарзона, роҳбари маҳфил Иззатуллоева Дилбар ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал, роҳбари маҳфил Иззатуллоева Д. сухан намуда, ҳозиринро бо “Рӯзи забони давлатӣ” табрик гуфта, бо нақшаи кории маҳфил шинос намуданд.
Сипас, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, дотсент Шарипов С. роҷеъ ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва марҳалаҳои ташаккули он ҳарф заданд. Муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Маҳмадалиева М. аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бедории миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани яке аз муқаддасоти давлатӣ – забони тоҷикӣ сухан карданд.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, дотсент Назаров М. роҷеъ ба аҳаммияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зада, нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди забони тоҷикӣ муҳимму назаррас арзёбӣ карданд. Дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Д. зимни баромади худ аз нақши матбуоти даврӣ дар рушду такомули забони давлатӣ ва ҳифзу таҳкими он сухан намуданд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯён Ибрагимова Сабрина, Лаълбегими Раҷабалӣ ва Аҳтамзода Мутриба роҷеъ ба аҳаммияти забони тоҷикӣ, давраҳои ташаккули он, ҳифз ва гиромидошти он бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Ҳамчунин донишҷӯён порчаҳои шеърӣ ва гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба забони тоҷикӣ пешниҳоди ҳозирин карданд