Имрӯз 7-уми октябр ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар гузаронид, ки дар кори ҷаласа муовинони ректор ва деканoни факултетҳо иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи назоратӣ муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд Акбар оид ба раванди таълим ва рафти таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён дар 14 факултетҳои донишгоҳ, маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки рафти таҷрибаомӯзӣ дар факултетҳои донишгоҳ тибқи нақшаи муқарраргардида мунтазам ҷараён дорад.
Дар ҷаласа ба шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва раёсати таҳсилот супориш дода шуд, ки оид ба сатҳу сифати ҷараёни таълим дар факултетҳои донишгоҳ мунтазам ба муовни ректор оид ба таълим маълумотнома манзур намоянд.
Зимнан муовини ректор оид ба таълим ёдовар шуд, ки раёсати факултетҳо барои зимистонгузаронӣ омодагӣ бигиранд, то ки дар фасли сармо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ награданд.
Дар охир ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Ҳамдамзода Хурсанд Акбар ба аъзоён ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.