Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон вобаста ба ҳуввияти миллӣ ва дигар арзиҳои миллат суханрони намуда ба бонувони кишвар чунин муроҷиат намуда буданд:
«Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!»
Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Мо тоҷикон мардуми бодавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, забону урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Аз ин лиҳоз бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагиро нишон медиҳд.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё ин либоси миллии онҳост. Вақте, сухан аз либоси миллӣ меравад, ки он ҳатман симои занони тоҷик бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон ҳар як нафарро ҳангоми диданаш мафтун мекунад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило натанҳо дар мамлакат балки дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд, либоси мавсимӣ, ҷашну идҳо, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад.
Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳани кутоҳи ба тан часпида, доманҳои кутоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард.
Дар ҳақиқат, шумораи хоҳарони “сиёҳпӯш”, ҳамчунин теъдоди тоҷикдухтарони ҳиҷобпӯше, ки низ дар шакли тангу кутоҳ ва хеле ношинам либоси аҷнабиёнро ба бар кардаанд, ниҳоят зиёд шуда буд, ҳоло кам ба назар мерасад.
Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба бегонагон насупорем ва онро ба ояндагон бегазанд супорем.
Наргис НУРАЛИЗОДА,
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ