Имрӯз, 16 – уми октябр ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо раванди корҳои таълимиву тарбиявӣ, гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ ва семинарӣ дар факултети химия ва биология шинос гардид. Баъд аз шиносоӣ бо раванди машғулиятҳо ректори донишгоҳ таъкид доштанд, ки бояд аз тамоми имкониятҳои муҳайёшуда дар донишгоҳ ҳайати устодону донишҷӯён самаранок истифода намоянд. Аз ин рӯ, ягона василаи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот самараноку дуруст истифоа намудан аз озмоишгоҳҳо, паркҳои технологӣ ва дигар шароити мавҷуда мебошад, – гуфт ректори донишгоҳ Қурбонзода М.Р.
Ҳамчунин ректори донишгоҳ аз тамоми сифнхонаҳои таълимии факултети мазкур дидан намуда, рафти ҷараёни дарсҳоро ба тариқи камераҳои назоратӣ мушоҳида карда, барои боз ҳам беҳтар намудани машғулиятҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд