Имрӯз, 17-уми октябр дар факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии “Менеҷерон ва сайёҳони ҷавон” баргузор гардид.
Дар маҳфил декани факултет, дотсент Раупов Ҷамшед, мудири кафедра Наимзода Бекмурод, устодону донишҷӯён ва аъзои маҳфил иштирок намуданд. Иштирокчиён дар ҷараёни баргузории маҳфил масъалаҳои соҳавиро баррасб намуда, миёни ҳам саволу ҷавоб карданд.