Имрӯз, 23-юми октябри соли 2024 ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар
ҷаласаи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоятҳои Суғду Хатлон, ки ба тариқи маҷозӣ (On-Lain) дар мавзуи “Вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Паркҳои технологӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар ҷаласа роҳу усулҳои фаъолгардонии “Паркҳои технологӣ” баррасӣ гардид. Қайд намудан зарур аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав паркҳои технологӣ, марказҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои муосир фаъолияти самарабахш дошта, дар ҷараёни машғулиятҳо устодону донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода менамоянд.