Имрӯз, 23 – юми октябр дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили илмии “Биологони ҷавон“ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи биологияи умумӣ, н.и.п. Назаров Т., омӯзгорон Рустамов Ш. Ёфтаков Ҳ., ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст, роҳабри маҳфили “Биологони ҷавон” омӯзгор Нематов Б. ҳозиринро ба мавзуи навбатии “Микробактерияи сил” ошно намуд.
Гуфта шуд, ки бактерияҳо гуногун мебошанд. Аз ин рӯ донистани организмҳои хурди зараррасон таҳно дар асоси омӯзиши илми биология метавон онҳоро пурра аз бар намуд.
Сипас, донишҷӯён оиди мавзуи зикр гардида, назару андешаҳои худро бо асноиди илмӣ мавриди таҳлил қарор доданд.