Имрӯз, 5 -уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 30 – юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултети забон ва адабиёти рус, Собиров Хайриддин, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия и.и.ф., Нурова М., дотсентон Ашурова Ш., Рустамзода М. ва дигар устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар идомаи мизи мудаввар устодону донишҷӯён маърӯзаҳои худро вобаста ба Конститутсия баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳои санади ҳуқуқист, балки тақдирсозӣ ормону мароми миллати тамаддунофари тоҷикон дониста мешавад.
Дар охир нотиқон ёдвар гардиданд, ки суботи ҷомеаро маҳз қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, арзишҳои фитрии инсонро дар заминаи баробарҳуқуқии шаҳрвандон кафолат дода аст.