Санаи 5-уми ноябри соли равон дар толори Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, бахшида ба 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудавар сардори раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ н.и.и. досент Нориён Ф., мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ н.и.ҳ. дотсент Абдураҳимов С.Қ., мудири кафедраи фалсафа н.и.ф. Субҳонзода С., ноиби декан оид ба илм н.и.с. Мавдвалиев Ҷ. ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети сиёсат ва идораи давлатӣ иштирок доштанд.
Сараввал сардори раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ н.и.қ. дотсент Нориён Ф., дар мавзуи “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда иброз дошт, ки воқеан қабули Конститутсияи соҳибистиқлолии кишвар, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар давраи дигаргуниҳои куллиро оғоз намуд.
Гуфта шуд, ки дар сатҳи конститутсияи соҳибистиқлоли кишвар, асосҳои ҳуқуқии давлати соҳистиқлоли тоҷикон, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, дахлнопазирии воҳидҳои маъмурию ҳудудии кишвар, муайян гардидани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши олӣ гирифтани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалӣ гардонидани соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи давлатӣ аз ҷониби халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолат додани дахлнопазирии шахс ва ҳифз гардидани озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат, ки яке аз нишонаҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро ташкил медиҳад, асос ёфтааст.
Дар идомаи мизи мудаввар омӯзгорони кафедраи ҳуқуҳ ва идораи давлатӣ Назаров З.А., дар мавзуи “Нақши конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати дунявӣ”, Ризозода Ш.Ҳ., дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси психологияи ҳуқуқшиносӣ, таҳсили рӯзона Ҳакимова Ш.Н., дар мавзуи “Конститутсия ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷомеаи муосир” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳои илмӣ, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ н.и.ҳ., дотсент Абдураҳимов С.Қ., вобаста ба нақши Конститутсия дар таҳкиму амнияти кишвар андешаҳои худро илман асоснок намуд.