«Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номункин аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи марзу бум, ёдгориҳои таърихӣ, таъсиси Артиши милливу сохторҳои қудратӣ, таваҷҷуҳи хосса намуда, ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти кормандони тамоми соҳаҳо чораҳои зарурӣ меандешид.
Маҳз, бо ташаббуси созандаи хирадмандонаву оқилона ва пешни-ҳоди пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Санади ягонаи олии ҳуқуқӣ – Конститутсия ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии амалкунанда, ки аз Конститутсия маншаъ мегиранд, бо тариқи райъпурси умумихалқӣ санаи 06.11.1994 қабул карда шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, ки он фаъолияти самтҳои афзалиятноки тамоми сохторҳои қишри ҷомеаро ба танзим медарорад. Дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти қишри ҷомеъа ба инобат гирифта шудааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид карда шудааст. Бори якум 26-уми сентябри соли 1999, бори дуввум 22-июни соли 2003 ва бори сеюм 22-майи соли 2016.
Ин санади олии ҳуқуқӣ, яъне Конститутсия боис гардидааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи он амал карда, дар фазои сулҳу субот, пойдории сулҳ, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ рӯзгори хушу хурсандона ба сар баранд.
Ва шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар кишвари азизамон Тоҷикистон санаи 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи “Конститутсия” дар саросари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Саидшоҳи Сафархон – омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии ДДБ ба номи Носири Хусрав