Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд
Ноябр 7, 2024
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд.
Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад.
Қитъаи Бохтар — Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад.
Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, насби чароғакҳои роҳнамо, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзакорӣ зебогии роҳро таъмин намудааст.
Қисматҳои аҳолинишини роҳ тибқи талаботи байналмилалӣ чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон осудагию бехатарии мардумро дар назар дорад.
Васли новаҳои оҳану бетонӣ, қубурҳои обгузар, тахтасангҳои ду канори роҳ ва деворҳои ҳимоявӣ ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиётро таъмин менамояд.
Дар қисматҳои кӯҳистони табиати Тоҷикистон тавассути корҳои тахту ҳамворкунӣ имконият барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт беҳтар гардонида шудааст.
Бо супориши Сарвари давлат дар доираи ҳамин лоиҳа 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Леваканд низ навсозӣ хоҳад шуд.
Роҳи Бохтар-Левакант-Данғара аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад.
Бунёди ин ва дигар роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар солҳои Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овардааст, ки қаламравӣ Тоҷикистон барои давлатҳои минтақа ҳамчун транзит истифода гардад.
Ёдовар бояд шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2021 оғоз гардида буд.
Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ ҷалб карданд то ин, ки солиёни зиёд барои боркашонию мусофиркашонӣ хизмат кунад.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Қитъаи Данғара-Гулистони роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин наздики 50 километрро ташкил намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин аз 4 хатти ҳаракат иборат хоҳад буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Тоҷикистон тавассути бунёди ҳамин гуна роҳҳои муосир ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегӣ – табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ноил мегардад.
Тибқи талаботи байналмилалии роҳсозӣ дар қитъаи Данғара-Гулистони роҳи байналмилии Душанбе-Хоруғ хонаи модару кӯдак, истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳҳои болоизаминию зеризаминӣ, пиёдароҳ ва дигар зербинои нақлиётӣ ба нақша гирифта шудааст.
Масофаи умумии қитъаи Гулистон-Фархор бошад 29,6 километрро ташкил намуда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Марҳилаи якуми роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ ҷузъи муҳими шоҳроҳи байналмилалӣ буда, тавассути масирҳои хориҷӣ барои дастрасӣ ба бандарҳои ҷаҳонӣ шароит фароҳам меорад.
Бунёди қитъаҳои Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор дар доираи татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” ба хотири ташаккули долонҳои нақлиётӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти муҳим мегузорад.
Тибқи қарордод корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, яъне то Фархор, бояд то моҳи сентябри соли 2027 бояд ба анҷом расонида шавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои дар муҳлати муайяншуда босифат ба анҷом расонидани сохтмон ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид супоришҳо доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин роҳро дар рушди боркашонию мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 6 техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя карданд.