«Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун неруи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.
Аз ин ҷост, киҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон чун насли ояндасози миллат аҳамияти хосса медиҳад. Воқеан ҳам, ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии мо ҷавонон аст, ки имрӯз нисбатамон таваҷҷуҳуғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд. Дар ин давра «Барномаҳои миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000 ва 2001-2003», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардиданд, ки барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.
Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад. Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шурои мазкур намунаи олии эҳтиром ва эътимоди Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад.
Бо дарназардошти саҳмиҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми худ, аз 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буданд.
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад. Дар асоси Паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии ҷавонон солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сохтмони муассисаҳои нави замонавӣ, компютеркунии муассисаҳои таълимӣ, инчунин барои рушди китобхонаҳо аҳамияти зарурӣ дода шуда, Китобхонаи миллӣ ба истифода дода шуд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, №502 бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо дарназардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуд. То имрӯз зиёда аз 1000 нафар ҷавони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд ва онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд. Инчунин барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон дар солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияиПрезидентӣ ва номӣ, квотаи Президентӣ (барои 1200 хонанда дар як сол), грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон аст.
Имрӯз таърихи давлати соҳибихтиёри тоҷикон собит намуд, ки халқи мо дорои чунин Пешвои комилан мардумист. Аз ин хотир, муттаҳидию сарҷамъии ҷавонон дар атрофи Роҳбари давлат гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Боиси таассуф аст, ки дар замони пешрафти илму техника, ки ҳар нафари мо бояд танҳо дар фикри омӯхтани дониш ва вусъат бахшидани ҷаҳонбинии хеш бошем, баъзан фирефтаи иғво ва дасисаҳои беруна мешавем. Яке аз масъалаҳои дигари ташвишовар ва муҳимми рӯз шомил шудани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Ба ақидаи донишмандон чанд сабаби шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мавҷуд аст, ки асоситаринаш паст будани савияи дониш ва надоштани саводи кофии динию сиёсии онҳо мебошад. Ҷиҳати пешгирии ин вабои аср бояд сатҳи дониши динию сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад, чунки дар асри ХХI яроқи асосӣ дигар тӯпу танк нест – яроқи асосӣ дониш, маҳорат ва илму адаб аст. Зарур аст, ки ба рафиқу бародарони дуру наздики хеш, расонем ва ин ҷавонону наврасони ноогоҳро, ки ҳоло зиндагии онҳо дар пеш аст, аз ин роҳи хатар гардонида, ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Ватанро дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро ифтихор донистан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки мо – ҷавонон бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки танҳо дар ҳамин сурат метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.
Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият, ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш аст. Бинобар ин мо-ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат, махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан хизмати арзанда ба ҷо орем.
Давлатов Валиҷон Азамович, омӯзгориДДБ ба номи Носири Хусрав