Имрӯз, 11-уми декабри соли 2024 дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон василаи муҳимми ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” доир гардид.
Дар конференсияи мазкур Ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тандурустӣ, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар бахши ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода М.Р. роҷеъ ба аҳаммияти гузаронидани конференсия суханронӣ намуда, вобаста ба роҳу усулҳои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон ибрози андеша намуданд.
Сипас, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода И.Ҳ. низ оид ба такмили қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории меъёрҳои конститутсия ва нақши он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иқтимоиву фарҳангӣ баромад карданд. Бо мақсади тавсеаи робитаҳо Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуд.
Дар бахши дуюми конференсия маърузаҳои Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърифати ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Аҳмадзода Маҷид Аҳмад, судяи суди вилояти Хатлон дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – калиди муваффақиятҳо дар пешрафти ҷомеа”, Одиназода Суҳроб Назархоҷа, прокурори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Хатлон дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон василаи муҳимми ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Қурбонзода Кароматулло, сардори шуъбаи фармакалогӣ ва маводҳои наркотикии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон” дар мавзуи “Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи тандурустӣ”, Азимзода Ҳайдаршоҳ Раҷаб, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон – омили муҳимми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” шунида шуданд.
Иштирокдорони конфронс миёни ҳам мубодилаи афкор намуда, ба саволҳояшон посух гирифтанд.