Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии аҷдодӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо мақоми баланди фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоиро касб намудааст. Ин ойини наврӯзӣ, ки аз умқи таърихи мардуми ориёинажод сарчашма мегирад, дар ҳама давру замон арзиши фарҳангӣ ва ҷанбаи ҳамгироии иҷтимоии худро ҳифозат кардааст. Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 23-юми феврали соли 2010 қабул гардид, аҳаммияти байналмилалии ин ҷашнро расман эътироф намуда, онро падидаи хиради созанда ва таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта эълон кард. Дар ин робита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд» чунин зикр мекунанд: «Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома доир ба Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз аҳаммияти умумибашарии ин ойини бостониро ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ ва эълон намуд» [7].
Дар ин замина, публитсист Зариф Ибод низ саъю талош намудааст, ки дар бозтоби арзишҳои фарҳангии ҷашни байналмилалии Наврӯз мақолаву лавҳаҳо рӯи нашр оварад. Ҳамчунин З. Ибод Наврӯзро ҳифз ва муаррифӣ намуда, онро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи худшиносии миллӣ таъкид менамояд. Наврӯз дар нигоштаҳои ӯ на танҳо як ҷашн, балки ҳодисаи бузурги фарҳангиву таърихист, омили муттаҳидсозандаи мардум, рамзи эҳёи табиат ва меҳнат дар давраҳои гуногуни таърихӣ маънидод мегардад.
Мақолаи «Соли нави деҳқонӣ», ки Зариф Ибод санаи 20-уми марти соли 1971 дар рӯзномаи «Коммунисти Қӯрғонтеппа» нашр кардааст, яке аз таҳқиқоти публитсистӣ дар бораи ҷашни Наврӯз дар матбуоти даврони Шуравӣ ба шумор меравад. Дар он муаллиф нақши Наврӯзро дар ҳаёти кишоварзон ва аҳли заҳмат, инчунин ҷанбаи иҷтимоиву фарҳангии онро ба риштаи таҳлил мекашад. Дар бораи ин ҷашн, ки бо оғози мавсими кишту кор шинохта мешавад, чунин ишора мегардад: «Ҷашни Наврӯз аз замонҳои хеле қадим то имрӯз дар байни аксари халқҳои машриқзамин чун соли нави деҳқонӣ, саршавии мавсими заминронӣ, ки онро деҳқонон қӯшбарорӣ ё ҷуфтбарорӣ мегуфтанд, қайд карда мешавад» [4]. Ин нукта нақши Наврӯзро ҳамчун марҳилаи ҳаётан муҳим дар фаъолияти кишоварзӣ ва робитаи он бо ободонии замин бозгӯ мекунад. Дар ҷомеаи суннатии мардуми тоҷик аз давраҳои қадим, оғози кишту кор на танҳо амалиёти иқтисодӣ, балки маросими дорои ҷанбаҳои рамзӣ низ маҳсуб меёбад. Наврӯз дар тӯли таърих, махсусан дар ҳаёти аҳли меҳнати софдилонаи деҳқонон, ба ҳайси оғози давраи нави зиндагӣ ва эҳёи рӯҳияи кору заҳмат таҷлил мешуд. Дар мақола, муаллиф ҷузъиёти анъанавии таҷлили ҷашни Наврӯзро, ки бо урфу одат, фарҳанг ва шодиву сурур алоқаманданд, чунин тасвир мекунад: «Дар рӯзи ҷашни Наврӯз хурду калон либосҳои идона пӯшида, мусиқанавозӣ, сурудхонӣ ва рақсу бозиҳои гуногун ташкил мекарданд. Дар деҳаҳо ҳар як хонавода дегу косаю қошуқу дастархонашро гирифта, ба майдони васеи байн ва ё беруни деҳа меомад ва дег монда мувофиқи тавоноӣ ва дороии худ хӯрок мепухту одамонро зиёфат медод» [4]. Ҳамчунин, дар инҷо аҳаммияти иҷтимоии ҷашни Наврӯз, ки мардумро ба ҳам меорад ва фарҳанги ҳамбастагӣ ва саховатро тарғиб мекунад, ба таври равшан нишон дода шудааст. Ҷанбаҳои гурўҳии таҷлили ҷашн, ки дар он тамоми мардум фаъолона ширкат меварзад, нишон медиҳад, ки Наврӯз бештар аз як анъана, балки як унсури муҳими ҳамгароии миллӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Зариф Ибод на танҳо ҳамчун публитсист ва таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, балки ҳамчун шахсияти эҷодӣ низ талош кардааст, ки Наврӯзро дар шеъру наср ва асарҳои драмавии худ таҷассум намояд. Дар шеърҳои худ маҳз ба ҷанбаи таърихӣ ва ҷаҳонии Наврӯз таъкид мекунад:
«Фасли Наврӯз омаду дилҳои мардум шод шуд,
Ҷондорон аз аҷузу аксу наҳс озод шуд.
Мардум аз моҳи Ҳамал карданд умеди хайрият,
Соли нав омад ба деҳқон вақти кор шуд» [4].
Зариф Ибод Наврӯзро на танҳо як ҷашни анъанавии миллӣ, балки як падидаи иҷтимоиву фалсафӣ низ маънидод мекунад. Бо тасвири саҳнаҳои деҳқонӣ ва оғози корҳои саҳроӣ, Наврӯзро ҳамчун шуруи зиндагии нав ва мавқеи меҳнатро дар ин ҷашн барҷаста таъкид менамояд. Дар ашъори насру назми Зариф Ибод ҷашни Наврӯзро на танҳо ҳамчун анъанаи фарҳангӣ, балки ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи меҳнат ва шукӯҳи зиндагӣ тасвир мекунад. Бо забони шевои шоирона шоир дар шеъри «Наврӯз муборак» баён медорад, ки ин ҷашн бо зебоӣ, шоду хуррамӣ ва оғози соли нав пайванд дорад:
«Ҳабиби лоларухи ман,
Биё имрӯз дар майдон.
Ба мисли лолю булбул,
Ба рақс ою суруде хон.
Ки Наврӯз омадаст, ин ҷо,
Чу тоҷикдухтари зебо.
Ду дасти равғанолудро
Кунун имрӯзҳо деҳқон…
Бишӯ бо ашки гарми абр
Ғубори дай зи рӯю дил
Муборак рӯзи наврӯзат–
Сабоҳи соли фирӯзат!» [1].
Дар ин мисраъҳои боло, Наврӯз ҳамчун ҷашни шодиву зебоӣ таҷассум гардида, ҷилои зебоии фасли баҳор ва оғози зиндагии тозаро ифода мекунанд. Шоир табиатро бо инсон пайванд дода, ташбеҳи Наврӯз ба тоҷикдухтар на танҳо рамзи ҳусни баҳор ва оғози зиндагии нав аст, балки нишонаи ифтихор аз фарҳанг ва суннатҳои миллӣ низ ба шумор меравад. Ҳамчунин ба меҳнати деҳқон ва оғози мавсими кишту кор ишора мегардад, ки яке аз вижагиҳои хоси публитсистикаи Зариф Ибодро дар худ таҷассум менамояд. Тазаккур метавон дод, ки шеъри мазкур аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Наврӯз пайвандӣ дошта, баёнгари аҳаммияти он дар ташаккули худшиносӣ ва эҳёи рӯҳияи миллӣ мебошад. Ин нукта бо хусусияти публитсистикаи Зариф Ибод мувофиқат дорад, зеро ӯ Наврӯзро на танҳо ҳамчун ҷашн, балки ҳамчун рамзи навсозии ҷомеа, эҳёи суннатҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдат тарғиб мекунад.
«Сайри таърихии Наврӯз» яке аз мақолаҳои публитсистӣ-таърихии Зариф Ибод маҳсуб мешавад, ки дар он аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯзи оламафрӯз маълумоти муфассал пешниҳод мегардад. Дар ин мақола, муаллиф кӯшиш менамояд, ки бо истинод ба маъхазҳои таърихӣ, хонандаро ба сайри таърихии Наврӯз раҳнамун карда, ба таври возеҳ пайванди ин ҷашнро бо тамаддуни аҷдодӣ нишон диҳад.
Хусусияти муҳими публитсистикаи таърихии Зариф Ибод дар он зоҳир мегардад, ки дар навиштаҳои худ ҷузъиёти дақиқ ва маълумоти таърихиро бо забони равон ва сабку услуби оммафаҳм баён мекунад. Дар мақолаи мазкур низ услуби оммафаҳм, ки хоси публитсистикаи иҷтимоӣ ва таърихӣ мебошад, мушоҳида мешавад. Муаллиф таъкид менамояд, ки ҷашни Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад ва мардуми ориёӣ онро ҳанӯз пеш аз зуҳури давлатҳои суғдиёну бохтариён бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд: «Аҷдодони гузаштаи мо ҷашни Наврӯзро, ҳатто пеш аз замонҳои суғдиҳою бохтарҳо бо тантана қайд мекардаанд» [3]. Муаллиф бо истифода аз далелҳои таърихӣ собит месозад, ки Наврӯз аз марҳилаҳои мухталифи тамаддун гузашта, бо мурури замон бо вижагиҳои нав ғанӣ гардонида шудааст. Ин нукта бо таҳқиқоти таърихшиносон, ки пайдоиши Наврӯзро ба тамаддуни ориёӣ рабт медиҳанд, мутобиқ аст.
Ҷанбаи муҳимми дигар дар мақолаи «Сайри таърихии Наврӯз» бозтоби анъанаҳо ва суннатҳои марбут ба ҷашн мебошад. Муаллиф такя ба манбаъҳои таърихӣ таъкид мекунад, ки омодагӣ ба ҷашни Наврӯз як маросими фарогири умумимиллӣ буда, унсурҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Дар ин замина, яке аз расмҳои қадимаи наврӯзиро чунин тасвир мекунад: «Дар аксари маҳалҳо нони наврӯзӣ мепӯхтанд, ки он аз зироати гуногун чун гандум, ҷав, арзан, нахӯд, наск, кунҷит, лӯбиё ва биринҷ тайёр мекарданд, дар атрофи нон аз ҳар зироат 7 донагӣ ва дар миёнаи он бошад, аз дарахтони мевадор, ба мисли анор, зайтун, биҳӣ, себ ва ғайра 7 шоха мегузоштанд» [3]. Дар ин пайванд нақши муҳим доштани баъзе хӯрокҳо ва рамзҳои бостонӣ дар таҷлили Наврӯзро равшан месозад. Истифодаи рақами ҳафт дар ин маросим бесабаб нест, зеро ин рақамҳо дар фарҳанг ва ҷаҳонбинии ориёӣ дорои маъноии хос буда, ба ҳафт унсури ҳаёт ва ҳафт қабати осмон ишора мекунад. Инчунин, тавсифи истифодаи маҳсулоти гуногуни зироативу деҳқонӣ дар мақола нишон медиҳад, ки ҷашни Наврӯз аз замонҳои қадим бо кишоварзӣ робитаи устувор доштааст ва маросими наврӯзӣ низ ҳамчун таҷассуми шукронаи мардум ба обу хок, замин ва ризқи фаровони баҳорӣ арзёбӣ мешуд. Ҳамзамон, нақши рамзии дарахтони мевадор, аз қабили анор, зайтун, биҳӣ ва себ, ба таври возеҳ нишон дода шудааст, ки дар тамаддуни шарқӣ, анор ҳамчун рамзи серҳосилӣ, зайтун нишони сулҳ, биҳӣ рамзи нури рӯҳӣ ва себ аломати ҷовидонагӣ маънидод мегардад. Чунончи муҳаққиқ А. Қурбонов дар мақолаи худ, ки ба масоили фарҳангиву расму суннатҳои ҷашни Меҳргон бахшида шудааст, чунин ибрози ақида мекунад: «… Анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст» [6]. Аз ин рӯ, тасвири ин унсурҳо дар ҷашни Наврӯз на танҳо ҷузъи оддӣ, балки ҷузъи муҳимми фалсафаи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии аҷдодони мо мебошад. Дар маҷмуъ, мақолаи «Сайри таърихии Наврӯз» яке аз намунаҳои барҷастаи публитсистикаи таърихии Зариф Ибод маҳсуб мешавад, ки дар он усулҳои таҳлилӣ, тасвирӣ ва оммафаҳм ба таври муассир истифода гардидаанд. Муаллиф бо пешниҳоди далелҳои таърихӣ ва тавсифи ҷузъиёти маросимҳои наврӯзӣ, хонандаро ба тафаккури таърихӣ раҳнамун месозад ва аҳаммияти ин ҷашнро на танҳо ҳамчун анъана, балки як рукни муҳимми худшиносии миллӣ ва фарҳангӣ нишон медиҳад.
Дар қатори дигар анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз, гулгардонӣ ё «Бойчечак», ки Зариф Ибод онро дар мақолаи худ таҳти унвони «Бойчечак» рӯи чоп овардааст, яке аз маросимҳои қадимаи пешазнаврӯзӣ ба шумор меравад. Муаллиф дар ин мақола ба нақши кӯдакон дар таҷлили расмҳои суннатии Наврӯз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳифз ва нигоҳдории суннатҳои аҷдодиро таъкид мекунад. Зариф Ибод, ки бо усули таҳлилии публитсистикаи иҷтимоӣ машҳур аст, ин маросимро чунин тасвир менамояд: «Бойчечак» расмияти бачагона аст, ки дар рӯзҳои аввалини баҳор аз тарафи бачагон гузаронида мешавад» [2]. Ин нукта бар он асос мегузорад, ки нақши кӯдакон дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ равшан дида мешавад. Маросими «Бойчечак» на танҳо як одати пешазнаврӯзӣ, балки як унсури тарбиявӣ ва фарҳангӣ буда, дар ниҳоди кӯдакон эҳсоси муҳаббат ба табиат, шодиву сурур ва омодагӣ ба фасли шукуфоиро бедор месозад.
З. Ибод ба ҷанбаҳои фалсафӣ ва табиии ин суннати қадима ишора намуда, гули бойчечакро ҳамчун нишони фарорасии Наврӯз ва муждарасони фасли баҳор муаррифӣ мекунад: «Бойчечак …аз саршавии маъракаи киштукор дар охирҳои зимистон ва аввали баҳор – дар моҳи Ҳут мешукуфад. Вай муждарасони баҳор ба ҳисоб меравад» [2]. Аз лиҳози рангу бӯи гулҳо, тағйироти табиат ва фарорасии Наврӯз, гули бойчечак дар фарҳанги мардум нақши рамзии эҳёи зиндагӣ, навсозӣ ва омодагӣ ба соли нави деҳқониро бозидааст.
Зариф Ибод муносибати мардумро ба ин маросим ва қабул кардани он ҳамчун суннати анъанавӣ низ тасвир менамояд. Тавассути овардани намунаи сурудҳои маросимӣ шакли амалии иҷрои ин расмро нишон дода, хонандаро ба фазои воқеии ҷашн наздик месозад:
“Бойчечаку, бойчечак,
Шукуфта гули инчак,
Миён борик-химчаяк,
Тамошо кун, келинчак.
Бойчечак, бойчечак,
Даста-даста гулчечак…” [2].
Дар ин байтҳо, ки ба суннатҳои мардумӣ пайванд доранд, гули бойчечак ҳамчун унсури зебоӣ ва пайвандгари одамон бо табиат ситоиш мешавад. Ин навъи шеъри мардумӣ, ки одатан бо оҳанг суруда мешавад, барои таъсиргузорӣ ба шунавандагон ва ҳавасмандсозии онҳо дар ширкат дар ин расм хизмат мекунад. Зариф Ибод ба раванди тақдими гули бойчечак ва муносибати калонсолон ба ин суннат низ ишора карда, онро як намуди робитаи наслҳо дар фарҳанги мардумӣ мешуморад. Яъне мардуми деҳа суруди кӯдакону наврасонро бодиққат шунида, ҳар як соҳибхона баромада, гули бойчечакро ба сару рӯяшон молида, онро бӯй мекунанд ва «… аз рӯи қудрати худ чизе инъом (ҳадя) мекунад» [2]. Мисли дигар расму оинҳои мардумӣ, ин маросим низ робитаи байни наслҳоро тақвият дода, эҳтиром ба кӯдакон ва дастгирии онҳоро таълим медиҳад.
Дар мақолаи «Бойчечак», ки ба жанри публитсистикаи таърихӣ тааллуқ дорад, Зариф Ибод тавассути усули таҳлилӣ, тасвирӣ ва далеловарӣ расму суннатҳои пешазнаврӯзиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо истифода аз усули муқоисавӣ, нақл ва овардани порчаҳои шеърӣ, ба хонандагон арзиши фарҳангӣ ва таърихии ин расмро ошкор мекунад.
Матолиби дигари З. Ибод таҳти сарлавҳаи “Баҳори шукуфтарӯй” чоп шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар маводи мазкур публитсист аз зебогиву хушруии шаҳри Қӯрғонтеппа зикар карда, ҷашни Наврӯзро маҳз сабагори зебоиву тозагӣ меҳисоба. Ҳамчунин ӯ дар доираи 10 солагии Ваҳдати миллӣ ва 70 солагии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд. Дар ин робита баҳорро чунин тасвир мекунад: “Баҳор фасли бедоршавии табиат, фасли сабзишу шукуфтани ҷумлаи наботот аст” [5].
Мавриди зикр аст, бозтоби анъанаҳои миллӣ дар матбуот, тавассути публитсистика, шеър ва мақолаҳои таҳлилӣ амалӣ мегарданд, на танҳо Наврӯзро зинда нигоҳ медоранд, балки ба эҳёи он дар замонҳои гуногун низ мусоидат хоҳанд кард.
1. Ҷашни бостонии Наврӯз дар осори Зариф Ибод ҳамчун мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ инъикос гардида, на танҳо оғози фасли баҳор, балки рамзи худшиносӣ, меҳнат ва ваҳдати миллӣ маънидод мешавад.
2. З. Ибод тавассути услуби равон ва таҳлили публитсистӣ ҷузъиёти расму оинҳои наврӯзиро, ба мисли маросими “Бойчечак” ва анъанаҳои мардумӣ, бозтоб намуда, нақши онҳоро дар ҳифзи мероси фарҳангӣ таъкид мекунад.
3. Публитсистикаи Зариф Ибод дар ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ саҳми назаррас гузошта, ҷашни Наврӯзро ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд.
Қурбонов Акмал,
омӯзгор
РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО
1. Зариф, Ибод Наврӯз муборак / И. Зариф // «Вахш». – 1966, 22 март.
2. Зариф, Ибод Бойчечак / И. Зариф // «Вахш». – 1966, 22 март.
3. Зариф, Ибод Сайри таърихии Наврӯз / И. Зариф // «Вахш». – 1966, 22 март.
4. Зариф, Ибодов Соли нави деҳқонӣ / И. Зариф // «Коммунисти Қӯрғонтеппа». – 1971, 20 март.
5. Зариф, Ибод Баҳори шукуфтарӯй / И. Зариф // «Набзи Қӯрғонтеппа». – 2007, 16 апрел.
6. Қурбонов, Амиршо Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷичкистон / Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 16. 10. 2024 // https: http://www.amit.tj/…/ekhyoi-chashni-mekhrgon-dar…
7. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд / АМИТ «Ховар» 22.03.2020. // https://khovar.tj/…/suhanronii-peshvoi-millat…/…
